Рӯзи гузашта дар шаҳри Душанбе Курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи “ОИННОМА ВА БАРНОМАИ ҲХДТ – МЕҲВАРИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ҲИСБӢ” оғоз гардид. Тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муааззаф гардид, ки аз санаи 28 феврал то 6 марти соли 2021 курси бозомӯзро дар шаҳри Душанбе барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷумҳурӣ баргузор намояд.
Курси бозомӯзӣ, ки як ҳафта давом мекунад дар “Кохи афсарон”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
Ин маҳфили илмиро дар рӯзи аввал, бо сухани ифтитоҳи Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ҳусни оғоз бахшиданд.
Сипас маърӯзаи Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор дар мавзӯъи «Омилҳои расидан ба ҳадафи олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» дар вилоят, шаҳр ва ноҳия- дастурҳо дар асоси нуктаҳои Паёми Пешвои миллат», маърӯзаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз дар мавзӯи «Инъикоси масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар Паёми Президенти мамлакат», маърӯзаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Фарҳод Раҳимӣ дар мавзӯи «Рисолати илм ва маориф дар таъмини рушди ҷомеа, давлат ва миллати тоҷик» шунида шуд.
Баъд аз нисфирӯзӣ ташкили лексия – суҳбат бо иштироки намояндагони Прокуратураи генералӣ, Шўрои амният, вазоратҳои мудофиа, корҳои дохила ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои глобалӣ ва таъмини амнияти устувори миллӣ» ин чунин гузаронидани мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши аҳзоби сиёсӣ дар таҳкими амнияти миллӣ» бо иштироки намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ пешбинӣ шудааст.
Дар рӯзҳои оянда низ шунидани як чанд лексия-суҳбатҳои муфид, гузаронидани мизҳои мудаввар, суҳбату мулоқот бо роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар бахши фарҳангӣ бошад боздид аз Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ, театри “Аҳорун”, Қасри теннис ва маҷмааи бозиҳои обӣ ва дигар иншоотҳои фарҳангию фароғатӣ, таҷрибаомӯзӣ дар Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар НБО “Роғун”, дар барномаи курс тарҳрезӣ шудааст.
Натиҷагирӣ аз баргузории ин курси бозомўзии муфид ва сари вақтӣ бо муаррифии рефератҳо аз ҷониби шунавандагон дар рӯзи охир ва бо супоридани Сертифактҳо ҷамъбаст мегардад.