Рубрики
Uncategorized

ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

Дар доираи таҷлили 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10 – солагии таъсисёбии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд  бо иқдоми Ҷамъияти дорои маҳсулоташ маҳдуди САТН мусобиқаи футбол байни кормандони коргоҳи истеҳсолӣ барои гирифтани Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Ғайбуллозода Хайрулло, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар суханронӣ намуда, баён доштанд, ки таблиғи тарзи ҳаёти солим, рӯ овардан ба  варзиш ва ба ин васила обу тоби бадан аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати кишвар маҳсуб шуда, тавре дар Паёми навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр шудааст, дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат беш аз 12 ҳазор майдончаҳои варзишӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки худ шаҳодатгари таваҷҷуҳ ба соҳа аст.

Директори генералии коргоҳи мазкур Бобоев Илҳом Тоҳирович  зимни баромад таъкид дошт, ки мусобиқа минбаъд ба ҳукми анъана даромада, барои баланд бардоштани эҳсоси ватандорӣ саҳми шоиста мегузорад.  

Сипас миёни 8 даста қувваозмоӣ шурӯъ гардида, бози рақобатнок ва дар сатҳи баланд доир шуд.  Дар натиҷа ба ғолибон медал, Сипоснома ва тӯҳафҳои хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Ҳамин тавр дастаи “Релакс” дар бозии ниҳоӣ дастаи “Олимпия”-ро шикаста ғолибият ба даст овард ва соҳиби Ҷом шуд. Дастаи “Пантера” бошад, барои ҷойи сеюм тими “Брайзер”-ро мағлуб намуд. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *