Рубрики
Uncategorized

Омӯзиши Паём байни бонувон

Бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ташкилоти ибтидоии “Шаҳраки Зарнисор”-и шаҳри Гулистони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10 бо иштироки  бонувон вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ қайд гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26 январи соли 2021 дар Паём таъкид намуданд, ки  сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати аввалиндараҷа дода мешавад.

          Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда, имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд. Фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас аст.

          Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат дар Паём таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ намуда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад. Бо ин мақсад, ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш дода  шуд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва пешниҳод намояд.

Бонувон аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ин ғамхориҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демкраии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, болидаруҳ гардида, бо боварии комил баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардид дучанд кӯшиш ба харҷ менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *