Рубрики
Uncategorized

Осудагии моро соя наандозед

         Аз наворе, ки бо воситаи телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шуд, фаҳмидем, ки воқеаҳои дар ВМКБ, дар Рӯшон рӯй дода аз тарафи хоинони миллат Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ тарҳрезӣ карда шудааст.

Ҷинояткорон барои гузаронидани амалиётҳои ҷангӣ бо ҷамъ кардани яроқу аслиҳа омодагии зиёд дидаанд. Фаҳмидем, ки дар маркази ҳамаи ин бетартибиҳо кӣ истодааст. Улфатхоним худ иқрор шудааст, ки бо ҳаммаслакони хориҷиаш робита дорад ва ба ивази он пулҳои калон мегирад. Далели ин гуфтаҳо низ оварда шуда, намоиш дода шуд.

Хушбахтона, тири онҳо хок хӯрд, мардуми тоҷик заҳри ҷангҳои бародаркуширо солҳои навадум чашидааст. Чӣ қадар фарзандони фарзонаи миллат, бегуноҳон, ҷавонон, занону бонувон тӯъмаи марг гаштанд.

Нотавонбинони миллат! Ба осудагии Тоҷикистон, осмони сулҳу суботи он соя наандозед! Ғами фарзандону наберагони худро хуред. Барои пулу моли дунё ҳаёти ҷавононро барбод надиҳед. Хору хаси Ватанро бо гулу райҳони мулки бегона иваз накунед. Мардуми тоҷик , занону бонувон, ҷавонон сулҳ мехоҳем. Бигузор рӯйи ҷангро набинем!

         М.Мӯсоева-Аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *