Рубрики
Uncategorized

«ОЯНДАРО БО ҲАМ МЕСОЗЕМ»

Баҳри тарғибу ташвиқи барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндангони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи «Деваштич» №24 – Исмоилиён Комрон Исмоилзода, ки бо қарори конфронси муштараки Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич ва шаҳри Истаравшан пешбарӣ гардида буд, чорабиниҳои таблиғотӣ бомаром ҷараён дошта, дар баробари паҳн намудани варақаҳо бо муҳтавои барнома, инчунин бо интихобкунандагон вохӯриву суҳбатҳо низ сурат гирифта истодаанд.

Дар ноҳияи Деваштич гуруҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо сарварии муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода ташриф оварда, бо интихобкунандагон доир ба мақсаду маром ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти барномавии номзад ба вакилӣ мулоқоту суҳбатҳои судманд анҷом дод. Ҳамзамон, дар доираи сафари корӣ масъулини Кумитаи иҷроияи вилоятӣ аз гуруҳҳои тарғиботии ноҳиявӣ даъват ба амал оварданд, ки ҳадафу нақшаҳои ободгаронаву бунёдкоронаи барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки барои солҳои 2020-2025 таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» таҳия гардидааст, васеъ таблиғ карда шаванд, зеро барномаи номзад ба вакилӣ низ бо он пайванди ногусастанӣ дошта, баҳри татбиқи бомароми «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» нигаронида шудааст.

Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комрон Исмоилзода ҳангоми муаррифии барномаи хеш инчунин баён дошт, ки дар ҳолати интихоб гардиданаш, саъю талош меварзад, то лоиқи боварии интихобкунандагони хеш гардад ва дар ҳамбастагиву ҳамкории зич бо онҳо баҳри татбиқи сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти маҳбуби Тоҷикистони биҳиштосо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи оинномавию барномавии ҲХДТ саҳми худро гузорад, зеро ояндаи дурахшону ободи Ватани азизамонро танҳо мо – тоҷикистониёни бо нангу номусу бошараф, бо ҳам месозем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *