Рубрики
Асосӣ

Даври вилоятии Ҷоми ҲХДТ оид ба футбол оғоз ёфт

Санаи 21 сентябри соли равон дар  маҷмааи варзишии боғи “Ғалаба”-и шаҳри Хуҷанд  марҳилаи сеюми мусобиқаи вилоятӣ оид ба футболи хурд  барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ байни 17 дастаҳои  футболи ғайрикасбии шаҳру ноҳияҳои  вилоят оғоз гардид.

Дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, намояндаи Федератсияи футболи вилоят Аҳлиддин Юнусов, раисони кумитаи иҷроияи шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.

Исмоилзода Зуфар Муртазохон зимни суханронӣ ҳозиринро бо ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, афзуд, ки тайи чанд рӯзи охир кишвари мо мизбони ду чорабинии сатҳи байналмилалӣ – Cозмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай гардид. Тадбири мазкур барои боз ҳам баланд гардидани обрӯ ва эътибори мамлакатамон дар арсаи байналмилалӣ таккони бузурге бахшид. Номбурда дар идомаи суханронии хеш зикр намуд, ки рушди соҳаи варзиш бешубҳа ба маҳорат ва малакаи ҷавонон иртиботи қавӣ дорад.  Солҳои охир саҳми ҷавонон дар рушди варзиш, оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад.

Тавре дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар зикр гардидааст: Агар то соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ қариб ҳазор иншооти варзиш фаъолият дошта бошад, пас соли 2020 шумораи онҳо ба 10220 расонида шуд. Яъне, шумораи иншооти варзиш дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз нӯҳ баробар зиёд гардидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳавасманд намудани варзишгарон соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи варзиш таъсис додааст, ки то имрӯз қариб 200 нафар варзишгарони ҷавон соҳиби он гардидаанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҷавонон ҳамчун неруи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ такя карда, онҳоро дар ташаккул ва амалисозии иқдомҳои созгор ва ташаббусҳои навовар дар самти рушди илму техника ва технологияҳои муосир ва ободиву пешрафти босуботи кишвар дастгирӣ менамояд.

Рушди варзиш яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти он, ки дар шароити кунунӣ варзиш ҳамчун василаи шоистаи муаррифгари миллату кишвар дар олам маҳсуб мешавад, ба рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда мешавад. Ин ташкилоти муқтадир ҳамкориро бо мақомоти ваколатдори соҳа ва федератсияву ҷамъиятҳои варзишӣ тавсеа бахшида, барои ташаккули варзиши касбӣ ва камолоти варзишгарон дар ҳамаи навъҳои он мусоидат менамояд. Намунаи олии гуфтаҳои болоӣ он аст, ки бо роҳнамоии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусобиқаи футбол барои ба даст овардани Ҷоми ҲХДТ дар сар то сари кишвар дар сатҳи баланд доир шуда истодааст. Ҳадаф аз баргузории мусобиқаи футбол ташвиқу тарғиби ҳаёти солим, ҷалби ҷавонону наврасон ба машғулияти ҷисмонии варзишӣ ва тарғиби васеи бозии футбол дар саросари мамлакат мебошад. Мусобиқаи мазкур бо ҳадафи мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ миёни ҷавонону наврасон, таъмини бевоситаи иҷрои «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳи 2017- 2021» ва «Барномаи махсуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи рушди футбол дар сатҳи деҳоту маҳалаҳои мамлакат барои солҳои 2021-2024» роҳандозӣ гардида истоддаст. Ҳамаи мо хуб медонем, ки  намуди варзишии футбол дар ҷаҳони муосир аз варзиши рақами 1 маҳсуб шуда, футболбозон бешубҳа муаррифгари давлат ва миллати худ маҳсуб мешавад.

Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат футбол дар кишвар натанҳо рушд кард, балки аз маъруфтарин ва маҳбубтарин намуди варзишӣ гардид.Тими мунтахаби ҷавонони кишвар дар ин солҳо ду маротиба ба қисмати ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ роҳхат гирифта, дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи Раиси Федератсияи футболи мамлакат муҳтарам Рустами Эмомалӣ то ба даври ҳашякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё баромад. Дар вилояти Суғд низ футбол низ пайравону мухлисони худро дошта, футболбозон пайваста дар мадди назар ва таваҷҷуҳи хоссаи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода қарор доранд. Ҳоло се дастаи вилоят дар лигаи олии Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромади муваффақона дошта, дастаҳои лигаи якуми вилоят низ фаъолнокӣ зоҳир менамоянд.  дар пайравӣ ба футболбозони касбӣ давоми ду моҳ дар маҳаллу деҳаҳо мусобиқаи футбол бо як шавқу шӯри беандоза доир шуда, имрӯз 18 беҳтарин дастаҳои шаҳру навоҳии вилоят барои роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ рақобат хоҳанд кард.

Сипас аз рӯи қуръапартоӣ дастаҳои шаҳру навоҳии Хуҷанд бо Масчоҳ, Истиқлол – Ҷаббор Расулов, Исфара – Ашт, Истаравшан – Панҷакент,  Гулистон – Конибодом, Бӯстон – Деваштич, Спитамен – Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод – Айнӣ, Кӯҳистони Масчоҳ- Шаҳристон  вориди рақобат шуда,  дастаҳои Хуҷанд, Ҷаббор Расулов, Исфара, Истаравшан, Конибодом, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ ва Шаҳристон ба давраи дигар рохҳат гирифтанд.

Мусобиқа санаи 22 – юми сентябр идома хоҳад ёфт. Дар ин рӯз мувофиқи қуръпартоӣ  Хуҷанд бо Шаҳристон,  Айнӣ бо Бобоҷон Ғафуров, Конибодои бо Истаравшан ва Ҷаббор Расулов бо Бӯстон барои баромадан ба давраи нимниҳоӣ мубориза мебаранд. Дастаи шаҳри Исфара аллакай дар даври ниманиҳоӣ қарор дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *