Рубрики
Uncategorized

ОҒОЗИ МАШҒУЛИЯТҲОИ КУРСИ ЗАХИРАИ КАДРҲОИ НАЗДИ КИВ ҲХДТ

Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд собиқадорони арсаи сиёсиву давлатӣ, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шарифзода Муъмин Машокир,  ба соли нави таҳсили мактаби захираи кадрҳои назди КИВ ҲХДТ оғози расмӣ бахшида шуд.

Раиси Кумитаи иҷроия зимни суханронӣ таъкид дошт, ки дар доираи татбиқи Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷо ба ҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 -2022” дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд солҳост, ки мактаби омодакунии захираҳои кадрӣ амал мекунад. Самараи ин мактаби бузурги омӯзиш аст, ки як зумра ҷавонони фаъол тавонистанд бо донишу фаҳмиши хуб ба кадрҳои роҳбарикунанда сафарбар шаванд. Ҳадафи курси мазкур низ омодагии ҳамаҷиҳатаи ҷавонон ба сафи роҳбарӣ ва дар руҳияи худшиносӣ тарбия намудани онҳо мебошад. Раиси кумиҷроия бо мақсади боз ҳам ҷолибу хубтар ва самаранок баргузор шудани ҷараёни таълиму омӯзиш таклиф намуд, ки вобаста ба мавзӯҳои таълимӣ шунавандагон ба ҷойҳои таърихии ҳудуди вилоят, коргоҳҳо истеҳсолӣ сафарбар карда шаванд.

Дар баромади фаъолони ҳизб Каромулло Одилов, Шуҷоат Ҳасанова ва Саидбой Зокиров зикр шуд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ҷавонон беҳтарин шароитро муҳайё кардаанд, то ҷавонон ба мақсадҳои ниҳоии худ расанд. Ҷавонӣ давраи саъю талош ва азхудкардани донишҳои замонавӣ маҳсуб мешавад. Бинобар ин ҳар лаҳзаро ғанимат бишуморида барои ғановати маънавиёти хеш ҷадал кунанд.

Дар машғулияти аввалин Раиси кумиҷроияи вилоятӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон оид ба таърихи таъсисёбии ҲХДТ, ҳадафҳои оинномавию Барномавии ҳизб, сохтори ҳизбӣ ба шунавандагон маълумот дод.

Ёдовар мешавем, ки ба шунавандагони курси захираи кадрҳо ҳафтае як маротиба олимони варзида, ходимони сиёсиву давлатӣ, коршиносон дарс хоҳанд гуфт.   

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *