Дар асоси дастури Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам густариш ёфтани фаъолияти ҳизбӣ, ташвиқу тарғиби дастовардҳои навини мамлакат, ба мардум расонидани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат ва Барномаву Оинномаи ҳизб ва омӯзиши ҷанбаъҳои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ имрӯз дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо иштироки раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, фаъолону ҷонибдорон ва намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан» курси бозомӯзӣ ба кори худ шуруъ намуд.Боиси қаноатмандиву сарфарозист, ки дар маросими оғози курси навбатии бозомӯзӣ шахсиятҳои муҳтарами мамлакат ҳузур доштанд: Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессори Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин; раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Саид Нуриддин Саид, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, номзади илми филология Рудоба Мустаҷобова; раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии тафтишотии ҳизб, номзади илми иқтисод Давлатзода Дилмурод Ашурбек; директори корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг”, аъзои Комиссияи марказии тафтишотии ҳизб Юсуф Акрамзода, муовини Раиси вилояти Суғд Азимӣ Зайнура Оқилзода.Зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор таъкид намуд, ки баргузории ин таҷриба аллакай соли дуюм роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз ташкил ва баргузории курс тақвияти маҳорати касбии кормандони ҳизбӣ, омӯзиши роҳу воситаҳои муосири корбарӣ миёни мардум, беҳтар намудани корҳои дохилиҳизбӣ, татбиқи самараноки санадҳои муҳимми вобаста ба ҳизб ва дарёфти тарзу усулҳои фаъолияти муосиру ҷавобгӯй ба талаботи рӯз мебошад.Мутобиқи маълумоти оморӣ, имрӯз шумораи аъзои ҳизб беш аз 508 000 нафар буда, онҳо дар 6500 ташкилоти ибтидоӣ муттаҳид гардидаанд. Акнун фурсате фаро расидааст, ки ба ин нерӯи бузург таваҷҷуҳи бештар намуда, фаъолиятро миёни ҳизбиён тақвият бахшем ва роҳу усулҳои муосиру замонавии кор бо электорати сиёсиро дарёфт намоем. Дар ин масъала мо хеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ бояд ба саҳлангорӣ набояд роҳ диҳем.- Мо бояд сатҳи зеҳнии кормандони ҳизбиро баланд бардорем, то ҳар нафари онҳо аз равандҳои инкишофи ҷомеа огоҳ бошанд, – таъкид намуд А.Азизӣ. – Маҳз фаъолияти огоҳонаву мақсаднок ва илману мантиқан асоснок ҳамон вақт самараи дилхоҳ меоварад.Бо намояндагӣ аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муовини Раиси вилоят Азимӣ Зайнура Оқилзода ва аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода иштирокчиёни курси бозомӯзиро хайрамақдам намуда, ба кори он барор хост.Сипас, маърӯзаи муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор дар мавзӯи «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва роҳу воситаҳои расидан ба ҳадафҳои муайянгардидаи он» шунида шуд.Дар оғози маърӯза гуфта шуд, ки мардуми кишвар ҳамеша бо садоқат аз сиёсати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пуштибонӣ менамоянд ва дастгириҳои пайвастаи роҳбари муаззами ҳизбро гиромӣ медоранд. Ғояҳои умумимиллие, ки ҲХДТ ташаккул додаасту маҳаки барномаҳои онро ташкил меиҳанд, имрӯз танҳо дар қолаби шиору назарияпардозиҳо маҳдуд намешаванд ва онҳо аллакай дар сохтмони иншоотҳои азими аср – НБО «Роғун», роҳу пулҳои сифати байналмилалӣ, корхонаҳо, биноҳои муассисаҳои иҷтимоӣ, таъмини сатҳи муносиби зиндагӣ дар доираи иқдом ва аксияҳои ҳизбӣ татбиқи худро ёфтаанд ва дар оянда низ ин иқдом идома хоҳад ёфт. Яъне имрӯз дар заминаи ин ғояҳо муҳити куллан пешрафтаи ҳаётие ташаккул ёфта истодааст, ки сокинони кишварро бе эҳсоси ташвишу нигаронӣ ба ояндаи дурахшон умедвор месозанд. – Татбиқи ин ғояҳои бузурги умумимиллӣ, ки дар ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб инъикос гардидаанд, мартабаи ҳизби моро ҳамчун таконбахшандаи ҳамаи соҳаҳои афзалиятноки кишвар ба уфуқҳои нави рушд пеши назари аҳли ҷомеа боз ҳам болотар бурд, – ишора намуд А.Азизӣ.Дар идома зикр гардид, ки ҳизб сохтори комил ва шеваи фаъолияти ба худ хосро доро буда, барнома ва стратегияи давлатмеҳвар асоси фаъолияти он аст. Ҳизб ҳамчун қисми таркибии низоми сиёсии ҷумҳурӣ, аз рӯзи нахустини вориди майдони сиёсӣ гаштанаш тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои барномавии худ, бо такя ба масъулиятшиносию қудрати зеҳнии аъзояш омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст. Ҳизб дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм, сепаратизм, терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад.Зимни баромади худ муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ баҳри расидан ба ҳадафи олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” мушаххас гардидааст, ба муҳимтарин масъалаҳои мавриди назар таваҷҷуҳ карда, вазифагузории мушаххас намуд.Бояд гуфт, ки дар Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ба масъалаи ривоҷи мафкураи давлатию ҷаҳонбинии илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи илму дониш, интизом, садоқат ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон, таҳаммулпазирӣ, касбият, салоҳиятнокӣ, татбиқи технологияҳои замонавӣ барои рушду нумӯи кишвар, арҷгузорӣ ва эҳтироми забони давлатӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди ҳувияти шаҳрвандӣ афзалияти махсус дода шудааст. – Маҳз ҳамин муқаррарот бояд маҳаки асосии кори моро дар фаъолиятҳои минбаъда ташкил диҳад, гуфт А.Азизӣ. – Итминон дорам, ки сохторҳои ҳизбӣ фаъолияти худро беш аз ин тавсеа бахшида, рисолати хешро самимонава содиқона анҷом хоҳанд дод. Сипас, дар мавзӯи «Инъикоси масъалаҳои иҷтимоӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ» бо истифода аз техникаи муосири электронӣ маърӯзаи пурмуҳтаво ва фарогири Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Дар маърӯза факту таҳлил ва пешниҳоди ҷолиб ва касбӣ садо дода, аз ҷониби ҳозирин хеле хуш пазируфта шуданд. Инчунин, дар идомаи курс маърӯза ва суҳбати раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, номзади илми филология Рӯдоба Мустаҷобова дар мавзӯи «Омилҳои таҳкими ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа дар асоси дастуру нишондодҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Саид Нуриддин Саид шунида шуда, иштирокчиён вобаста ба маърӯзаҳои баёнгардида саволу ҷавоб карданд.
Рубрики