Рубрики
Uncategorized

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Хамадонӣ ва ифтитоҳи Маҷмааи даромадгоҳи ноҳия

1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи якчанд иншооти таъйиноти гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ташриф оварданд.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар даромадгоҳи ноҳия сокинон бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.Дар ин ҷо Президенти мамлакат нахуст аз болои лавҳаи рамзии Маҷмааи даромадгоҳи ноҳия парда бардошта, онро ифтитоҳ карданд.Маҷмааи нави даромадгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шафати шоҳроҳи ноҳияи Ҳамадонӣ ва Фархор дар масоҳати 500 метри мураббаъ бо қитъаи сабзкорӣ ва корҳои чароғонкунӣ бунёд гардидааст.Баландии маҷмаа 10 метрро ташкил дода, бо навиштаҷоти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 12 сутунпоя ва акси аллома Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ороиш ёфтааст.Маҷмааи даромадгоҳи ноҳия бо тарҳи нави меъморӣ ва зерпояи он бо сангҳои мармар сохта шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *