Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ:Конференсияи ғайринавбатии ҳизбӣ

             Санаи 25 июни соли равон  конфронси 24-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент баргузор шуд.

          Дар оғози конфронс раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода вакилон ва ҳамаи ҳамсафонро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфт.

          Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи конфронс – пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент дар ҳавзаи интихоботии Вашанӣ, № 4 ба ҷои вакили хориҷшуда раиси Кумитаи иҷроия Мурод Шукурзода  ба сухан баромада, аз ҷумла, зикр намуд, ки тибқи моддаи 25-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” ва моддаи 17-и  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар конфронсҳои ҳизбӣ сурат мегирад. Дар ин асос ӯ ба ҷои  вакили Маҷлиси шаҳрӣ аз ҳавзаи номбурда  Шоҳида Мукаммалзода, ки ба вазифаи мудири шӯъбаи маорифи шаҳр таъин шудааст, номзадии Ҷумъаева Фарзона  Фирӯзиддиновна- сарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  № 1-ро аз ин ҳавзаи интихоботӣ номзад ба вакили Маҷлиси шаҳрӣ пешниҳод намуда, ҳозиринро бо шарҳи ҳоли ӯ шинос кард.

          Вакилони конфронс ин пешниҳодро якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

          Омӯзгори МТМУ № 1 Мукаррама Яҳёева дар бораи сифатҳои ҳамидаи инсонӣ ва кории  Ҷумъаева Фарзона сухан кард.

          Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома- рафти обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ”, “Сухани халқ” ва “Фарвардин” барои соли 2022, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Кумитаи иҷроия Бурсӣ Лутфуллоев сухан карда, рафти маъракаи обунаро таҳлил намуда, аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дархост кард, ки дар мӯҳлати муайяншуда  ҳизбиён ва дигар хоҳишмандонро  ба ин нашрияҳо обуна намоянд.

          Конфронс аз рӯи ин ва дигар масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул намуд.

                    Дар анҷоми конфронс ба раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҷамоатҳои деҳоти Саразм, Хурмӣ,  беморхонаи минтақавии Суғдиён , маҳаллаҳои Қайнар ва Зардолузори шаҳр барои саҳмгузорӣ дар маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ барои соли 2022 Номаи сипоси Кумитаи иҷроия тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *