Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ:Ниқоб бандед ва солим бимонед

          Ин маънӣ дар сӯҳбати  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо сокинони шаҳр дар мавзеъҳои сераҳолӣ таъкид шуд.

          Дар қабулгоҳи шӯъбаи сабти ҳолати шаҳрвандӣ, назди бахши шаҳрии Амонатбонк, бозору мағозаҳо нафарони зиёде аз бастани ниқоби тиббӣ ва нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ, ки воситаҳои муҳиму дастраси эмин  мондан аз бемории вогири коронавирус аст, сарфи назар менамоянд.

          Мудири шӯъбаи кор бо занони Кумиҷроия Мавлуда Тоҷиева ба онҳо варақаҳои тарғиботӣ дода, таъкид доштанд, ки  солимии ҳар нафар дар ин шароити бӯҳронӣ дар дасти худаш аст ва онҳо бояд ба қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намоянд, аз қабули воксин барои пешгирии ин бемории вогир сар напечанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *