Рубрики
Асосӣ

Панҷакент:Ҳизбиён дар паи ободии Фароб

         Фароб аз дурдасттарин Ҷамоатҳои деҳот ва деҳаи шаҳри Панҷакент маҳсуб шуда, дар пояи кӯҳи Ҳазрати Султон, дар сарҳад бо   Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойгир аст.  Дар заминҳои фарохи кӯҳу пуштаҳои Фароб мардум ба кишоварзию чорводорӣ машғуланд. Аз даврони дур  фаробиён бо ғаллакорию картошкапарварӣ, нахӯдпарварӣ ном баровардаанд ва солҳои охир боғдорӣ низ рушд кардааст.

          Ҳарчанд роҳ аз Панҷакент то Фароб тӯлонӣ аст, бо тамошои манзараҳои нотакрори табиати атроф мо чи тавр ба ин деҳаи дурдаст расиданамонро нафаҳмида мондем. Воқеан, ин ҷо баҳор дер мерасад ва ҳоло рустаниҳои ағбаи Фароб  гулбасаранду дарахтон ғарқи ғӯра ва картошка нав аз замин сар кашидааст.  Аз ин ҷост, ки ҳар ҷо –  ҳар ҷои ин ағбаи гулбадомон қуттиҳои оруи асал ба назар мерасанд ва асали Фароб низ  серхаридор аст.

          Фароб ҳарчанд дур аст, вале дурафтода нест. Се мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бемористон, нуқтаҳои зиёди тиҷоратӣ, бозор ва шояд калонтарин дар мамлакат захираи мармари кони Тиллогул, ки бо он метавон ҳазорон бино, қасру кӯшкҳоро мармарпӯш намуд ,  ин ҷо воқеъанд.

          Ду ташкилоти ибтидоии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ дар Фароб фаъолият доранд ва мақсади боздиди кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо роҳнамоии раиси Кумитаи иҷроия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода низ иштирок дар маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботии ҳизбиёни Фароб  аст.

          Дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шумораи 54 моро раиси ҷамоати деҳоти Фароб Самариддин Насриддинов , ҳамзамон раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии  Ҷамоати деҳот ва Олим Ҳамроқулов –  раиси кооперативи тиҷоратии “Ғелониён” ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии хоҷагӣ ҳамроҳи ҳизбиён пазироӣ намуданд. Маҷлисҳои ҳисоботӣ- интихоботии ин ду ниҳоди ибтидоии ҳизб дар ҳамин ҷо – дар  толори  муассиса ва дар саҳни васеи он баргузор шуданд.

          Дар толори ин муассисаи таълимӣ ҳамаи 37 нафар аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳот ҷамъ омада, нахуст ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Самариддин Насриддиновро шунида, баррасӣ намуданд. Зимнан, дар давраи ҳисоботӣ фаъолони ҷамоати деҳот, ки аксарияташон аъзои ҳизб ҳастанд, дар корҳои ободонӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон саҳми сазовор гузоштаанд ва ҳоло  аз паи иҷрои нақшаи омодагӣ ба  ҷашни 35- солагии Истиқлоли кишвар ҳастанд.  Иштирокчиёни ҷаласа  ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баҳои қаноатбахш дода,  дар нақшаи фаъолият барои нимсолаи дуюми соли равон зиёд намудани аъзоёни ҳизбро аз ҳисоби ҷонибдорони он  пешбинӣ карда, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбиро ба  конфронси ҳисоботӣ- интихоботии ташкилоти шаҳрии ҳизб вакил интихоб намуданд.

          Дар саҳни барҳавои муассисаи таълимӣ, дар сояи сафедорзор ҳизбиёни  ташкилоти ибтидоии ҳизбии кооперативи тиҷоратии “Ғелониён”  курсию миз гузошта, маҷлисгоҳ омода карда буданд.  Дар ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Олим Ҳамроқулов аз саҳми  76 нафар ҳизбиён дар таъмини амнияти  ғизоӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироат, корҳои ободонӣ, тарғиби ҳадафҳои барномавии ҳизб сухан рафт. Воқеан, кооперативи тиҷоратии “Ғелониён” дар корҳои ободонии деҳа, аз ҷумла бунёди се мактаб саҳмгузорӣ намудааст ва раиси ташкилоти ибидоии ҳизбӣ Олим Ҳамроҳқулов дар маҷлис эълом дошт , ки то  оғози соли нави таҳсили 2023 дар маҳаллаи канории деҳа боз як мактаби нав бунёд мекунанд . Ин хабарро ҳизбиён бо қаноатмандӣ пазируфтанд ва гуфтанд, ки ба сохтмони он  сарпарастӣ мекунанд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки то охири сол сафи аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  ба 500 нафар расонида мешавад.

           Ҳизбиён  ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлисро муҳокима намуда, Олим Ҳамроҳқуловро  ба конфронси ҳисоботӣ- интихоботӣ вакил интихоб намуданд.

          Раиси Кумитаи иҷроия Мурод Шукурзода дар ин ҷаласаҳо сухан карда,  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, иштирокчиёнро ба истифодаи босамари ҳар қитъа замин, афзун намудани захираи ғизоӣ, ки аз дастуру супоришҳои  Пешвои миллат ва Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз вилояти Хатлон бармеояд, роҳандозии шоистаи корҳои ҳизбӣ, зиёд намудани сафи аъзоён аз ҳисоби ҷонибдорону фаъолон ҷалб намуд.

          Баъди анҷоми маҷлисҳо ҳайати  кормандони Кумитаи иҷроия ба дидорбинии  яке аз поягузорони  хадамоти гумрук дар мамлакат, собиқадори хадамоти амният, иштирокчии иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон , генерал Худойқул   Ҳамроҳқулов, ки дар як гӯшаи ноободи зодгоҳаш боғе бо анвои гуногуни меваҳо аз ҳама манотиқи мамлакат, гармхонаю сардхона бунёд намудааст ва имсол ба синни мубораки 75-солагӣ расидааст, омаданд. Ҳикоят дар бораи ин боғи биҳишт дар ин гӯшаи дурдасти  диёр ва сӯҳбати самимиро бо ин шахсияти бофарҳангу донишманд, ба вақти дигар  вогузошта, ҳамин қадар меафзоям, ки  ин марди саховатманд ҳини сӯҳбат  ба кору бори ҳизбиён тавҷҷӯҳ намуда, иброз дошт, масолеҳи чӯбии сохтмони мактаби нави деҳаро, ки ҳизбиёни кооперативи тиҷоратии “Ғелониён”  сохтанианд,  аз ҳисоби сефедорзори сабзкардааш таъмин мекунад.

         … Роҳи бозгашти моро таассуроти ҷолиб аз кору бори ҳизбиёни Фароб, андешаю пешниҳодҳои  коромадашон дар бораи боз ҳам ободу зебо намудани зодгоҳ, тарғибу татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастгирию пуштибонӣ аз сиёсати Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва манзараҳои нотакрори ин гӯшаи диёр кӯтоҳтар менамуд.

 Дафтари матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *