Амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ- ифтихори ман” дар яке аз калонтарин ниҳодҳои ибтидоии ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент- кумиҷроияи ибтидоии “Зарафшон”, идома дорад.
Кумиҷроияи ибтидоии мазкур, ки беш аз 1300 нафар коргарон ва кормандони муҳандисӣ- техникии ҶДММ КМ “Зарафшон”- ро сарҷамъ намудааст, дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб, иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ ва ҳадафи чоруми стратегиии Ҳукумати мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар, нақши сазовор мегузорад.
Дар доираи ин амалиёт бо иштироки мудири шӯъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Шерзод Раҳматов муқоисакунӣ ва ба талаботҳои Оинномаи ҳизбӣ ва дастурами Кумиҷроияи марказии ҲХДТ мувофиқ намудани шаҳодатнома ва варақаи аъзоёни ҳизб роҳандозӣ шуда, ба аъзоёни ҳизб тартиби бақайдгирӣ, ҳолатҳои ворид намудани тағйирот ба ин аснод шарҳу тавзеҳ дода шуд.