- АНДЕША: Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ раҳнамои кулли соҳаҳо буда, самтҳои дурнамои вазъи кунунии кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳад ва масъалаҳои муҳими рўзро бо фарогирии таҳлилҳои амиқу дақиқи оморӣ бозгў менамояд.
Яке аз масъалаҳои муҳими рӯз, ки дар Паём зикр гардид, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи меҳнатдӯстиву инсонпарварӣ ва хештаншиносию худогоҳии миллӣ, роҳ надодан ба гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои хатарноки ифроттию тундгаро мебошад.
Аз ин хотир, таъкид мешавад, ки мо дар ҳамдастию ҳамкорӣ бо ниҳодҳои оила, мактаб ва ҷомеа бояд наврасону ҷавононро аз мақсадҳои нопок ва оқибатҳои даҳшатбору хатарноки чунин гурӯҳҳо огоҳонида, онҳоро ба зиракиву ҳушёрии сиёси мусаллаҳ гардонем.
Аз ҷониби дигар, дар ҳамин замина ҷавононро ба таҳсилу тадрис, донишандӯзии амиқ ва касбомӯзии замонавӣ равона созем.
Сарвари давлат дар ҳама вохӯриҳои худ пайваста иброз медоранд, ки наврасону ҷавононе, ки аз таҳсил ва омӯзиши касбу ҳунар дур мондаанд, яқин аст, ки ба гурӯҳҳои ифротгаро майл мекунанд. Аз ин нигоҳ, моро зарур аст, ки алайҳи ҳар гуна падидаҳои номатлуб дастаҷамъона чораҳои заруриро биандешем. Ба ин маънӣ Пешвои миллат таъкид мекунанд:
“Мо бояд дар ҷомеаи худ насли худогоҳу бедордил ва созандаро ба камол расонем, ки барои ободиву шукуфоии Ватани азизамон- Тоҷикистон софдилона ва содиқона хизмат карда тавонанд”.
Тарбияи насли наврас дар марҳилаи навини таърих аз бунёд намудани пойдевори бузурги миллат оғоз меёбад. Маҳз мактаб ҳамчун муассисаи идеологӣ дар тайёр намудани ҷавонони лаёқатманд ва фарҳангдўст саҳмгузор мебошад. Аз ин лиҳоз, тарбияи ҷавонон ногузир буда, аз омўзгорон масъулияти дучандро тақозо мекунад. Муаллими бузурги ахлоқ Шайх Саъдӣ фармудааст: “Тарбият яксон аст, лекин истеъдод мухталиф” .
Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба омўзиши амиқи илмҳои замонавӣ ҳидоят сохта, таъкид ба он мекунанд, ки барои онҳо бо шарофати истиқлолият ҳама гуна шароитҳо муҳаёст ва ҷавонон бояд аз ин неъматҳои худодод бархурдор шаванд ва шукронаи ин даврони озоду ободро ба ҷо оваранд. Зеро онҳо маҳз дар ҳамин самт метавонанд дар рушди устувори давлату миллат саҳмгузор бошанд. Ба ин маънӣ, Сарвари кишварамон дар суханрониҳояшон чунин арз намуда буданд: “Зиндагии оянда аз наслҳои нав саводу маърифати баланд, ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқ, донистани техникаву технологияи навтарин ва забондониро талаб мекунад”.
Ногуфта намонад, ки алифбои тарбия аз оила оғоз меёбад ва дар ин роҳ нахустин раҳнамову ҳидоятгар волидайн мебошанд. Баъдан, тарбият ба дарвозое меравад ва бо воридшавӣ ба маҷрои муҳити атроф рўз ба рўз камол ёфта, дар кураи бозтоби муҳит хуб нашъунамо ва парвариш ёфта, тавассути гуфтор, рафтор ва пиндори хеш маҳбубият пайдо мекунад.
Агар мо, ба наврасону ҷавонон ватандорӣ, худшиносӣ ва худогоҳию фарҳангсолиро бештар омўзонем, яқин аст, ки дар замири онҳо завқу талошҳои амиқи миллатдўстиро бедор карда метавонем.
Ҷалолов Қобилҷон мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, роҳбари намояндаги ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент