Рубрики
Uncategorized

Панҷакент: Базми солинавӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд

Ин субҳ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода ҳамроҳи кормандони Кумитаи иҷроия бисту панҷ нафар кӯдакони имконияташон маҳдудро ҳамроҳи волидонашон дар гирди арчаи солинавӣ пазироӣ намуданд. Онҳо аз ҷумлаи беш аз 950 нафар кӯдакон бо нуқси ҷисмонӣ ва равонӣ ҳастанд, ки барои тавонбахшиашон муассисаи давлатии Маслиҳатгоҳи психологӣ, тиббӣ- педагогии шаҳр машғул аст. Дар гирди арчаи солинавии ҳизбӣ, ки дар даҳлези барҳавои Кумитаи иҷроия гузошта шуда буд, кӯдакон суруд хонданду шеър қироат карданд, рақс намуданду дар озмуни бозиҳо иштирок карданд. Ҳарчанд онҳоро имконияти ҷисмониашон маҳдуд аст, вале аксаран боистеъдод ҳастанд. Зери садои мусиқӣ, ки дар ҳавояш Анҷуман ва Хайриддин месароиданд, кӯдакон шодона арғушт мерафтанд. Шеърхониашон бошад аз кӯдакони солим камӣ надошт. Кӯдакон ва волидонашонро раиси Кумитаи иҷроия Мурод Шукурзода бо соли нави милодӣ табрик гуфта, барояшон саломатӣ ва таҳаммул орзу кард ва ёдрас намуд, ки ғамхорӣ ба ин табақаи аҳолӣ дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Раиси Кумитаи иҷроия ва бобои барфӣ ба кӯдакон тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд. Аксҳои зер аз ҳамин базми муҳаббати ҳизбиён ба кӯдакон ҳикоят мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *