Санаи 6 июни соли равон раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҳамроҳ бо кормандони масъули кумиҷроияи вилоятии ҳизб аз Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Панҷакент ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ боздид намуда, ба маҷлисҳои ҳисоботӣ- интихоботӣ дар ниҳодҳои ибтидоии ҳизб оғоз бахшид.
Дар оғози боздиди корӣ раиси кумиҷроияи вилоятии ҳизб бо ҳизбиён ва фаъолони шаҳр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мулоқот анҷом дод. Раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ меҳмононро хайра мақдам гуфта, робитаи густурдаи мақомоти шаҳрдорӣ ва кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб , фаъолони ҳизбро омили пешрафти корҳо арзёбӣ намуд.
Исмоилзода Зуфар аз саҳми калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои дар сатҳи баланд доир шудани курси бозомӯзии раисони кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб, ки рӯзҳои 15-19 май дар шаҳри Панҷакент баргузор шуд, сухан карда, ба раиси шаҳр ва раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб номаи сипос ва ба як гурӯҳ фаъолони шаҳр сипосномаи кумитаи иҷроияи валоятии ҳизбро тақдим намуд.
Дар ин рӯз Исмоилзода Зуфар ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҳизб ҳамчунин дар маҷлисҳои ҳисоботӣ- интихоботии як қатор ташкилотҳои ибтидоии ҳизб иштирок намуданд. Аз ҷумла, раиси кумиҷроияи вилоятии ҳизб ба ин маъракаи муҳими ҳаёти ҳизбӣ дар кумиҷроияи ибтидоии ҳизбии маркази саломатии шаҳрӣ оғоз бахшид.
Зимнан, кумиҷроияи ибтидоии маркази саломатии шаҳр 634 нафар ҳизбиёнро муттаҳид намуда, дар давраи ҳисоботӣ корҳои зиёдеро ба ҷо овардааст. Дар ин бора дар ҳисоботи раиси кумиҷроияи ибтидоӣ Бобоев Насим сухан рафт.
Баъди баррасии дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ Исмоилзода Зуфар назди ҳозирин сухан карда, таваҷҷӯҳи онҳоро ба вазифаҳое, ки Пешвои миллат, раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назди ташкилотҳои ҳизбӣ ва ҳизбиён гузоштаанд, ҷалб намуда, таъкид дошт, ки дар вазъи муташанниҷи сиёсии минтақа ва ҷаҳон роҳандозии дурусти корҳои тарғиботӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ аз вазифаҳои муҳими рӯз маҳсуб мешавад.
Дар анҷоми маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ панҷ нафар ҷонибдорони ҳизб ба узвияти ҲХДТ пазируфта, ба якчанд нафар фаъолон сипосномаи кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб тақдим карда шуд.