Арафаи 29- солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода аз волидони сарбозоне, ки ҳангоми адои вазифаи хидматӣ дар сафи артиш фавтидаанд, боздид намуд.
Модарони сарбозон Хайём Бердиев, Абдураззоқ Исроилзода ва Искандар Раҷабов, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ фавтидаанд, аз ин ёдкарди фарзандашон, таваҷҷӯҳе, ки Ҳукумати мамлакат ба чунин оилаҳо зоҳир мекунад, изҳори сипос намуда, даст ба дуо бардоштанд, ки номи аскарони шаҳид ҳамеша зинда монад ва сулҳу салоҳ дар Ватани азизамон устувору пойдор бошад.
Зимни боздид Мурод Шукурзода ба волидони сарбозон барои тарбияи фарзандони ватандӯсту ҷасур, ки ҳангоми хидмати ҳарбӣ ҷоннисорӣ кардаанд, изҳори сипос намуд.