Тезонидани кишту корӣ баҳорӣ, даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, омодагиҳо ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбату мулоқоти раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат Мурод Шукурзода бо сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Ёрӣ буд, ки дирӯз ва имрӯз баргузор шуданд.
Дар ин сӯҳбатҳо таваҷҷӯҳи масъулини Ҷамоати деҳот, сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ, фаъолон, омӯзгорон ва дигар сокинони деҳаҳои Ёрӣ, Миндона,Вешист, Дашти Қозӣ, Киштудак ва Рӯзи обнок ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми боздид аз вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Панҷакент, баён доштанд, ҷалб намуда, зарурати вусъат додани кишти баҳорӣ, хоса картошка, истифодаи босамари ҳар рӯзи офтобӣ ва ҳар қитъа замин, мусоидат ба сафарбар намудани ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, корҳои бунёдкорию созандагӣ, ободонӣ тибқи нақшаи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъкид шуд.