Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: Бо амири дил

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода ба устои басти корхонаи муштараки “Зарафшон” Исроил Муллоҷонов шаҳодатномаи ҳизбӣ супорид. Ӯ бо амри дил барои узвият ба ҳизб ба кумиҷроияи ибтидоии ҳизбии корхона ариза навишта буд. -Ман ба ғояҳои ин ҳизби бунёдкору раҳнамо эътимод дорам, сиёсати Пешвои миллат ва раиси ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сидқан ҷонибдор ҳастам. Ба ҳамин хотир хостам ба он аъзо шавам ва ба сафи ҷонибдорону пайравони Пешвои миллат шомил гардам,- мегӯяд Исроил Муллоҷонов. Зимнан, кумиҷроияи ибтидоии ҳизбии КМ “Зарафшон” аз ниҳодҳои бонуфузи ҳизбӣ буда, беш аз 1300 нафар муттаҳид менамояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *