Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: Бо кӯдакони “Фариза “ ва “Барно”

Дар Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода бо ҳамроҳии мудири шӯъбаи маорифи шаҳр Шоҳида Мукамалзода тарбиягирандагони ду кӯдакистони деҳаи Ёриро бо идашон муборакбод намуданд.

Тарбиятгирандагони кӯдакистони “Фариза” ба ин рӯз омодагӣ гирифта, барномаи зебои ҳунарӣ бо рақсу суруд ва шеърхонӣ пешкаш намуданд. Кумитаи иҷроия бо ин кӯдакистон чун сарпараст робитаи дерина дорад ва барои беҳдошти фаъолияти он мусоидат менамояд. Дар кӯдакистони хусусии “Барно” низ мураббияҳо ва кӯдакон аз табрику таҳнияти меҳмонон изҳори шодмонӣ намуданд.

Ба тарбиятгирандагон тӯҳфаҳои идонаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб тақдим шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *