Рубрики
Uncategorized

Панҷакент: Бо оини наврӯзӣ

                                                 

Наврӯз аз қадимзамон  айёми хайру эҳсон, бахшоиши гуноҳҳо, хайру саховат, накӯкорӣ, аёдати наздикон, мӯйсафедон, беморон ва кулли эҳтиёҷмандон будааст ва ин оинҳои наврӯзӣ бо дастуру ҳидоятҳои  Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  имрӯз эҳё мешавад.

 Арафаи иди Наврӯзи хуҷастапай раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода ва кормандони Кумитаи иҷроия  Комила Азизқуловаро, ки аз пои равон маҳрум аст,  бо иди Наврӯз табрик намуда, ба ӯ  дастовези идона  тақдим карданд.

Зимнан, Кумитаи иҷроия  сарпарастии ин бонуи зеборо  ба ӯҳда гирифта, ҳар моҳ ба ӯ ёрии молиявӣ мерасонад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *