Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: БУНЁДИ МИЛЛАТ АЗ МАОРИФ ОҒОЗ МЕЁБАД

     

            Мулоқоти навбатии гурӯҳи тарғиботии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ҳайати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ  Парвиз Шодизода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент , узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода ва намояндаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти  Суғд Боҳир Раҷабов  оид ба шарҳу тафсири нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ин навбат бо омӯзгорон дар шӯъбаи маорифи шаҳр ва фаъолони ҷамоати деҳоти Косатарош доир гардид.

           Дар ҷараёни мулоқот, аз ҷумла  таъкид шуд, ки  дар Паёми имсола ба рушди маориф чун соҳаи меҳварӣ дар сиёсати иҷтимоии давлат эътибори ҷиддӣ дода, таъкид шудааст, ки  давоми 30 соли Истиқлол 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1,4 миллион нафар хонанда бунёд шуда, ҳамчунин шумораи муҳассилин дар муассисаҳои миёна ва олии касбӣ  нисбат ба соли 1991 мутаносибан 1,6 ва 3,5 баробар  афзудааст. Тибқи дастури Сарвари давлат аз 1 июли соли равон маоши омӯзгорон ба андозаи 20 дарсад зиёд карда мешавад.

         “ Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба мориф- сармоягузорӣ барои рушди  нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан аст”- ин таъкиди Пешвои миллат дар Паём ифодагари сиёсати маорифпарваронаи давлати Тоҷикистон аст.

          Дар мулоқот бо фаъолони ҷамоати деҳоти Косатарош низ нуктаҳои асосии Паём  ба ҳозирин муфассал шарҳ дода шуд.

          Тибқи нақша чунин сӯҳбату мулоқотҳо дар ҳама корхонаю муассиса ва ҷамоатҳои деҳот баргузор мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *