Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Ваксина- роҳи наҷот аз куруно

         Гурӯҳи ихтиёриёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо роҳнамоии мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Қобилҷон Ҷалолов дар мавзеъҳои серодами шаҳр бо мардум дар бораи роҳҳои эмин доштан аз сирояти куруно, зарурати гирифтани ваксина чун ягона роҳи халосӣ аз ин бемории ҳамагир сӯҳбат намуданд ва ба онҳо варақаҳои тарғиботӣ оиди роҳҳои пешгирии ин беморӣ тақсим карданд.

          Ба ин фаъолони ин созмони ҷавононро машварат дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ки бо иштироки намояндагони гурӯҳи кории Ҳукумати мамлакат ва фаъолони шаҳр баргузор шуд, таҳрик бахшид.

          Дар  машварат, аз ҷумла, таъкид шуд, ки бисёр сокинони шаҳр нисбат ба пешгирии сироят ба ин беморӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, гирифтани ваксина беэътиборӣ зоҳир менамоянд ва ҳоло танҳо 38,2 дарсади аҳолӣ ба ваксинзанӣ фаро гирифта шудаанд.

          Ҳангоми суҳбати фаъолони  ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо сокинон  фаҳмонида шуд, ки айни замон тибқи гуфтаи духтурон  ва олимони  соҳаи тиб ягона роҳи пешгирӣ аз оқибатҳои фалокатбори ин беморӣ  ваксиназанӣ  аст ва онҳо  набояд аз гирифтани он сарфи назар намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *