Рубрики
Асосӣ Мақола

ПАНҶАКЕНТ: ГАР НАМЕШУД ДАСТИ ЗАН, ҲУСНИ ЗАМИН ПАЙДО НАБУД…

 Дар бораи мақому мартабаи зан, дар бораи шарофату шафоати модар, дар бораи нақш ва мақоми занону модарон дар зиндагӣ ва ҳаёти хушбахту обод аз замонҳои гузаштаи хеле дур то ба имрӯз менависанду мегӯянд ва низ хоҳанд гуфту хоҳанд навишт. Тавре ҳамагон ба сароҳат медонанду дарк месозанд, дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳузуру ба вуҷуди зан эҳтироми хосае гузошта шуд ва Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин лаҳзаҳои фаъолияти худ ба сифати Роҳбари давлат ба масъалаи баланд бардоштани обрӯву эътибору мақоми зан дар ҷомеа ва таъйин намудани занон ба мансабҳои давлатӣ ва роҳбарӣ таваҷҷуҳи бештаре зоҳир сохтаву месозанд. Ва дар тамоми вохӯриву суханрониҳо аз ин боб ҳарф мезананд ва ҳамеша ҳамагонро ҳушдор месозанд, ки дар назди занону модарону хоҳарону духтарон боэҳтиром бошем. Ва борҳо ҳам таъкид доштаанд, ки бо баҳонаи серкорӣ аёдати модарро аз мадди назар дур надорем, ки ҳама кору бори мо ҳеҷанд, чун ҳусни таваҷҷуҳ набошад ба модар. Исботи ин андешаҳо дар он зоҳир мегардад, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ, ки санаи 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, сари масъалаи эҳтироми зан – модар ва мақому ҷойгоҳи занон дар низоми давлату давлатдорӣ сухан гуфта, бори дигар чунин баёни андеша карданд: “Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад”. Ин гуфтаҳо бори дигар баёнгари онанд, ки воқеан ҳам, занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар дар баробари мардон фаъолияти густурда доранд ва камтар аз мардон нестанд ва агар дуруст андеша равад, то ҷое муваффақтар ҳам ҳастанд аз мардон, дар иҷрои вазифаву масъулияте, ки дар дӯш доранд. Ва ҳақ ба ҷониби Устод Мирзо Турсунзода аст, ки зан – модарро дар ашъори хеш васфу ситоиш карда гуфтааст: Гар намешуд дасти зан, ҳусни замин пайдо набуд, З-ин сабаб гӯем занро маҳфилорои замин. Пас, метавон қазоват кард, ки имрӯзи босаодат ва фардои дурахшони мо аз файзи кору пайкори занон ва дар кадом рӯҳия тарбия ёфтани насли наврас аз камоли меҳру муҳаббат ва ақлу фаросати фитрии модарон сарчашма мегирад. Бигзор ин сарчашма ҳамеша поку зулол бошад ва ҳамеша шодоб дорад зиндагиву зиндагониро… Ҳамчунин, Сарвари давлат дар Паём таъкид доштанд, ки: “Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст”. Аз ин хотир, имрӯз, ки авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ мураккабу ноустувор ва зудтағйирёбанда аст, месазад, ки занону модарони мо дар ин ҷода низ саҳми мондагор ва дар ба камол расидани насли шоистаи вақту замон дасти тавоное дошта бошанд. Имрӯз бояд наслеро ба камол расонид, ки дар оянда тавонад, ки пеш аҳама ба қадри модау хоҳар, ҳамсару духтар, ба қадри миллату давлат, озодиву истиқлол, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу суботи ҷомеа, арзишҳои давлативу миллӣ тавонад расад ва бунёдкор бошаду созанда… Барои ҳамин ҳам: “Мову шумо, – таъкид доштанд, Ҷаноби Олӣ, – нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем.” Ва ин дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат бояд доимо дар мадди назар бошанд ва аз ҳар ҷиҳат бояд занону модаронро дастгирӣ кард ва дар ҳар маврид бояд эҳтиромашонро ба ҷо овард…. Алишер Мутрибов – мудири шуъбаи тарғибот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *