Рубрики
Асосӣ

Панҷакент: Дар беморхонаи Саразм

           Маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботии  ташкилоти ибтидоии ҳизбии беморхонаи минтақавии Саразм , ки 61 нафарро муттаҳид менамояд, бо иштироки фаъолонаи  иштирокчиён доир шуд.

          Онҳо ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоиии ҳизбро бо мароқ шунида,баррасӣ намуданд. Аз ҷумла,Марзия Ғаффорова бо қаноатбахш донистани фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ,  дархост намуд, ки ба ҳалли  масъалаи сари вақт дастрас намудани матбуоти ҳизбӣ ва васеъ намудани доираи фарогирии телевизионҳои маҳаллӣ мусоидат карда шавад.

          Иштирокчиён ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаро баррасӣ намуда, Маҳмуд Раззоқовро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва вакил ба конфронси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти шаҳрии ҳизб вакил интихоб карданд.

          Мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи шаҳррии ҳизб  Мавлуда Тоҷиева дар ҷаласа сухан гуфта , фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбиро шоиста арзёбӣ намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *