Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Дастуру супоришҳои Пешвои Миллат амалӣ мешавад.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Данғара ва мулоқоташон бо фаъолони вилояти Хатлон доир ба истифодаи босамари замин, кишти такрорӣ, захираи маводи ғизоӣ дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент чораю тадбирҳои зарурӣ андешида шуд.

Вобаста ба ин дар асоси барқияи №41 аз 21.06.2022 дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи шаҳр бо роҳбарии раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода дар 14 ҷамоат ва деҳотҳо гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, хона ба хона корҳои фаҳмондаҳӣ гузаронида шуд.

Бо фаъолон, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ суҳбату мулоқотҳо гузаронида шуд. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар ҷамоати деҳоти Косатарош, Сӯҷина, Ёрӣ, Амондара, Лоиқ Шералӣ, Ворӯ, Рӯдакӣ, Моғиён бо аҳолии ҷамоатҳо доир ба истифодаи самараноки заминҳои назди ҳавлигӣ ,Президентӣ,истеҳсолу захираи кофии маводи хурокворӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, пешгирии амалҳои номатлуб, аз қабили шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои теророристиву экстремистӣ сӯҳбатҳо доир намуданд.Баҳри пурра фарогир шудани моҳияти дастуру супоришҳои Пешвои миллат мӯҳтарам эмомалӣ Раҳмон ва ҳидоятҳои муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Кумитаи иҷроия ба воситаи телевизион ва радиёи маҳаллӣ ба аҳолии шаҳру деҳоти Панҷакент муроҷиатнома пешниҳод карда шуд.

Дар ин бобат корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ идома дорад.

Улуғбек Ҳусейнов-мудири шуъбаи тарғибот ва иттилооти

КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *