Дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, хоса кӯдакони имконияташон маҳдуд аз авлавиятҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст. Дар ҳамин асос ва ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон, ки кӯмак ба чунин кӯдакон низ ҳадафи баргузории он аст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода ба аёдати кӯдакони маъюб рафт.
Шаҳобиддин Ҳамроев даҳ сол дорад ва бо амри сарнавишт бемор аст. Ӯ аз боздиди намояндагони Кумитаи иҷроия аввал шарм кард. Вақте онҳо бо меҳрубонию самимият ӯро бо Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон табрик гуфтаю тӯҳфаҳои идонаро,ки аз шириниворӣ ва бозичаҳои зебо иборат буданд, тақдим карданд, дар лабонаш табассум дамид.
Ҳамин гуна тӯҳфаҳои идона ба Шоҳиҷаҳон Назарзодаи панҷсола ва дигар кӯдакони имконияташон маҳдуд низ тақдим карда шуд.
Мурод Шукурзода дар сӯҳбат волидони онҳоро дилпур сохт, ки дар сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ ба чунин кӯдакон ҷойгоҳи хоса дорад ва дар ин самт корҳои зиёде ба ҷо оварда мешавад.
Ӯ ҳамчунин ба фаъоли ҳизб, соҳибкор Рухшона Бобобекова барои омода намудани тӯҳфаҳои идона ба кӯдакон изҳори сипос намуд