АНДЕША: Барои ҳар як миллат Истиқлол неъмати бебаҳо аст. Зеро дар дунё кам нестанд миллатҳое,ки дар орзуи расидан ба истиқлол мебошанд. Хушбахтона, соли 1991 Тоҷикистон низ дар қатори дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ истиқлоли сиёсии худро эълон намуд.
Ҳар сол дар Тоҷикистон санаи 9 сентябр ҳамчун Рўзи истиқлол бо шукўҳу ҷалол таҷлил карда мешавад. Ҳоло ба ифтихори таҷлили санаи фархундаи 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвари соҳибистиқлоламон назокату буйи муаттари баҳорона, муждаҳои пай дар пайи корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба мужда мерасад.
Тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, «Истиқлоляти давлатӣ на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлолияти давлати тоҷикон мебошад.»
Ба ин муносибат дар Тоҷикистони азизи мо ҳануз се сол пеш «1300 рўзи меҳнати зарбдор» эълон гардида буд. Таи ин муддат бо ҷаҳду талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони барўманди миллат, соҳибкорони асил мо тавонистем ҳазорон иншоотҳои сатҳи гуногунро сохта, ба истифода диҳем, шаҳру деҳотамонро обод ва рўзгори шоистаи мардумро таъмин намоем.
Дар таърихи давлатдории навини мо Иҷлосияи 16- уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз санаи 16- уми ноябр то санаи 2- декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, нақши босазо дорад. Агар мо дар рўзи истиқлол озодии сиёсӣ ба даст оварда бошем, маҳз тавассути ин Иҷлосия давлати худро аз парокандагӣ наҷот бахшидем. Маҳз ҳамин Иҷлосия ба сарварии миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро рўи саҳнаи сиёсат овард, ки имрўз сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ мебошанд.
Мо дастовардҳои даврони истиқлолро бо чашми сар дида, аз суханрониҳои Пешвои миллат, ки фарогири ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мебошанд, шунида, рўҳу илҳоми тоза ва неруи хуб мегирем. Ин пешравиҳо моро рўҳбаланд ва вазифадор месозад, ки ҳамчун шаҳрвандони касбу кори гуногун дар амалӣ намудани амалҳои нек, ки аз Паёмҳои Пешвои миллат, бармеоянд, саҳмгузор бошем.
Бояд чунин ҳам бошад! Чаро мо бо Тоҷикистон ифтихор надошта бошем?. Чаро бо соҳибистиқлолӣ ифтихор накунем? Зеро мо дар ватани ободу зебо, зери дурахши ливои сулҳу ваҳдати комил умр ба сар мебарем. Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Мо дар сиёсати байналхалқӣ низ мавқеи устувор пайдо намудем.
Бо муқоиса бо руйдодҳои ҷаҳони имрўза, муборизаи миллатҳо барои сулҳу осоиштагӣ ва ба даст овардани истиқлол моро водор менамояд, ки садо баланд намоем, ки беҳтарин ватан, беҳтарин макон Тоҷикистон аст.
Ҳар меҳмоне, ки ба Тоҷикистони ободу зебо ва сабзу хуррам меояд, аз табиати зебо, куҳҳои зархез, чашмасорони мусаффо ва дарёҳои пуртуғён дидан намуда, аз меваҳои ширин ва хўрокҳои болаззат чашида, бо инсонҳои бануру хирадманд суҳбат намуда , худро инсони хушбахт эҳсос менамояд.
Далели ин гуфтаҳо он аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷаҳондидаву пурдида ҳастанд, аз рўи санҷишу мушоҳидаҳои худ иброз медоранд, ки «Тоҷикистон барҳақ биҳишти рўи замин аст»
Истиқлолият моро ба асли хеш баргардонид . Дар тӯли таърих ҳар миллате, ки ба Пешвои худ эътиқод карду аз паси ў рафт соҳибқудрату соҳибманзалат шуд. Шукри офаридгор, тоҷикон низ аз ин шахсияти бузург бенасиб намонданд. Мо Пешвои миллати худро дорем, ифтихор ҳам мекунем, зеро бо ҷаҳду талошҳои ғамхоронаи ин шахсияти хирадманд ба чунин рўзҳои нек расидем.
30 сол дар назди таърих на он қадар фурсати тўлонист. Аммо дар ин муддат маҳз тавассути фаъолияти хирадмандона ва ташаббускориҳои наҷиби Пешвои миллат бо иқдомҳои сулҳофаринӣ, ваҳдат, ҳифзи якпорчагӣ ва арзишҳои миллӣ, созандагиву ободкорӣ мо сохтори мукаммали давлатдориро эҷод намуда, дар асоси Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таъмин намудем.
Ҳар сол саҳифаи таърихро мемонад. Пуштибонӣ ёфтани чорумин иқдоми неки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон -Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018- 2028» ва аз ҷониби 192 давлати ҷаҳон дастгирӣ ёфтани он ин худ далели соҳибэҳтиромии Сарвари давлати тоҷикон дар асраи байналмилалӣ мебошад.
Дар замири мардуми тоҷик фақат дустӣ мавқеъ дорад. То фарогир шудани бемории Ковид- 19 бо кушодашавии марз бо Ҷумҳурии Узбекистон рафту омади сайёҳон ва меҳмонон хеле афзуда, яке аз ҳадафҳои навбатии Ҳукумати Тоҷикистон баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ ҳалли худро ёфт. Мо умедвор ҳастем,ки рўзҳои наздик боз аз нав сарҳад боз мешавад.
Бо назардошти заминаҳои ба вуҷудомада ва таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, такмили инфрасохтори деҳот Пешвои миллат бо иқдоми навбатӣ солҳои 2019- 2021- ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд, ки барои пешрафти ин соҳаҳои хеле муҳим имконияти хуб муҳаё гардид.
Сохтмони НБО Роғун ба корзори ҳақиқӣ табдил ёфт. Мо ба ҷаҳониён исбот намудем, ки созандаем ва метавонем. Ба истифода дода шудани ду агрегати ин нерўгоҳ ба амалӣ намудани ҳадафи чоруми давлатдориамон- саноатикунониии мамлакат ,заминаи боэътимод гузошт. Дар натиҷаи ин боз яке аз ҳадафхои Ҳукумати кишвар – таъмини истиқлоли энергетикии мамлакат, роҳи ҳалли худро ёфт. Мо ҳоло баҳри амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои дигар- таъмини амнияти озуқаворӣ кор карда истодаем. Рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи босамари замин, гирифтани ду- се ҳосил ва истифодаи таҷрибаи пешқадами соҳаи кишоварзӣ мақсаду мароми мо мебошад.
Дар даврони истиқлол мо рў ба таърих оварда, тавонистем ба ҷаҳониён муаррифӣ созем,ки миллати соҳибмаърифат ва соҳибтамаддун ҳастем. Солгарди бузургони миллат, аз ҷумла, Исмоили Сомонӣ, Абуҳанифа Имоми Аъзам, Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хисрав, Камоли Хуҷандӣ, Имом Ғаззолӣ ва дигаронро қайд намудем. Барои хизматҳои арзанда дар назди халқу миллат ба фарзандони фарзонаи миллат Бобоҷон Гафуров, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шотемир унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Дар навбати худ миллати тоҷик бо Қарори Маҷлиси Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо унвони Қаҳрамони Тоҷикистон ва 10 декабри соли 2015 бо унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат қадршиносӣ намуд.
Таҷлили санаҳои бошукўҳи шаҳрҳои қадимаи тоҷикон Кулоб, Ҳисор, Истаравшан барои баланд бардоштани ҳуввияти миллии тоҷикон нақши босазо гузоштанд. Бо таҷлили 5500- солагии Саразми бостон мо ба ҷаҳониён исбот намудем,ки миллати созанда ва соҳибтамаддун ҳастем. Тақдими китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Гафуров ба ҳар як хонадони тоҷик аз ҷониби Пешвои миллат ҳамчун армуѓони идона иқдоми шоиста ва арҷгузории навбатӣ ба арзишҳои миллӣ буд.
Аз соли 1994 то ин муддат мо 6 маротиба интихобти Президентиро гузаронидем. Тавре Пешвои миллат дар маросими савгандёдкунӣ иброз доштанд, баргузор гардидани ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ дар фазои комили ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ, садоқат ба ормонҳои таърихии халқи куҳанбунёди тоҷик аз пойдории сулҳу суббот ва фарҳанги баланди сиёсии шаҳрвандон дарак медиҳад.
Дар айни замон мо таҳти шиори таъмини рушди устувор ва зиндагии шоистаи мардум кору фаъолият дорем. Бигузор ҳаёти осоишта зиндагонии хурраму шод насиби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
Ҷашни Истиқлол муборак, ҳамдиёрони азиз!
Мурод ШУКУРЗОДА ,
раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент,
узви Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон