Тибқи дастури Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ҳамоиши бонувони собиқадор ва фаъолони ҳизб таҳти унвони “Саҳми бонувон дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор шуд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода ҳамоишро ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки саҳми бонувон барои ба даст овардани Истиқлол, таҳкими пояҳои он, таъмини рушди иқтисод ва иҷтимоиёти кишвар бузург аст. Раиси Шурои собиқадорони Кумитаи иҷроия Ҳамида Холова, собиқадори ҳизб, сарвари пойгоҳи бостоншиносии Саразм – Панҷакент Норинисо Худоёрова, устоди донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Моҳира Тошева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Ҳамзира Замонова дар ҳамоиш ба сухан баромада, саҳми занонро дар таҳкими дастовардҳои замони Истиқлол, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба ғояҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд. Ба як гурӯҳ бонувони собиқадор ва фаъоли ҳизб сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроия тақдим намуда, ба аҳли нишаст барномаи ҷолиби ҳунарии санъаткорони шаҳр пешкаш карда шуд.
Рубрики
Панҷакент: Истиқлол ва бонувон
