Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Кишоварзон дастури Пешвои миллатро амалӣ мекунанд

          Инро боздиди гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо роҳбарии раиси Кумитаи иҷроия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродии ҷамоатҳои деҳоти Сӯҷина ва Косатарош  собит намуд.

          Супоришҳои Пешвои миллат  дар мулоқот бо фаъолони мамлакат дар вилояти Хатлонро оид ба  зарурати истифодаи босамари ҳар қитъа замин, зиёд намудани кишти такрорӣ, афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти хурока, захира намудани меъёри дусолаи ғизо  ба ҳар хонавода  дар шароити муташанниҷи сиёсии ҷаҳон ва минтақа раиси вилояти Суғд, муовини якуми раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода  низ ҳафтаи гузашта ҳангоми боздид аз шаҳри Панҷакент ва сӯҳбату мулоқот бо кишоварзон ва фаъолон  бори дигар таъкид карда буданд.

          Боиси таҳсин аст, ки дар аксари оилаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонии  ҷамоатҳои деҳоти мазкур ба моҳияти ин дастуру супоришҳо сарфаҳм рафта, истифодаи босамари  заминҳои саҳмия ва наздиҳавлигиро  хуб ба роҳ мондаанд.

         Масалан, дар  оилаи сокини деҳаи Сӯҷина Эгамбердӣ Раҷабов дар 12 ҳисса замини ҳотааш  ҳатто  як ваҷаби  нокиштаро намебинед. Он ҷо гармхона ҳам ҳасту қитъаҳои кишти карам , помидор, бодиринг, токи ангур ҳам. Паси хона бошад қитъаи гулзор чашмрабоӣ мекунад.

         -Ҳама фасли сол оилаи мо аз бодирингу помидор, лиму, кабудиҳо таъмин аст,  ,- мегӯяд ӯ ба гармхонаи рӯи ҳавлӣ ишора карда.- Гулхонаи паси ҳавлӣ бошад бо дастури раиси муҳтарами вилоят, ки се сол қабл аз ҳавлии мо дидан карда буданд, бунёд шудааст.

          Аъзоёни гурӯҳи корӣ ҳамин гуна муносибати дилсӯзонаро ба замин дар хоҷагии деҳқонии “Обод”, ки ба он  Абдухалил Қурбонов сарварӣ мекунад, ба мушоҳида гирифтанд. Домани заминҳои  кишти ӯ зиёд аст ва дар 4,5 гектар боғ  дарахтон ғарқи мева, дар  чоряк гектар замин барои хуроки чорво лаблабу киштаанду дар ним гектар картошка, аз 50 ҳисса замин гандумро даравида, тухми сабзи киштаанд, қитъаи пиёзу ҷуворимаккаи донӣ низ серҳосил.

          Ҳосили майдони 4,5 гектар алафзор ва лаблабую ҷуворимаккаи донӣ барои парвариши чорвои зотии гӯштии хоҷагии деҳқонӣ масраф мешавад.

          Тавре сарвари хоҷагии деҳқонӣ иброз дошт, истифодаи босамари замин имконият фароҳам овардааст, ки онҳо рӯзгори обод ва серу пур дошта бошанд ва дар фароҷонии бозор низ саҳм гузоранд.

           Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва  қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Косатарош низ  дар истифодаи замин таҷрибаи хуб ҳосил кардаанд. 

          Дар ҳавлии сокини  маҳаллаи Навбунёди деҳа Субҳон Ҷӯраев аз ҳосили ҳотааш аллакай дар 200 банка шарбати мева , дар 500 банка   сабзавотро омода карда, дар анбор гузоштаанд. Ҳамчунин ӯ ва аҳли оилааш дар 10 ҳисса картошка ва 15 ҳисса замин шолӣ ҳам парвариш мекунанд ва боварӣ доранд, ки оилааш аз маводи ғизоӣ  танқисӣ намекашад. Сокини дигари деҳа  Абдумаҷид Суюнов бошад дар ҳотааш дар масоҳати 4,5 х 3,5 метр гармхона сохтааст ва умедвор аст, ки аз он ҳосили фаровони лиму ва помидору бодиринг мегирад ва ба бозор  ҳам мебарорад.

          Дар сӯҳбате, ки аъзоёни гурӯҳи корӣ бо саҳмдорони хоҷагии деҳқонии  “Ҳоҷибурҳон”-и маҳаллаи Навбунёди деҳаи Чорбоғ доштанд, раиси хоҷагӣ Ҳоҷисобир Бурҳонов гуфт, ки  кишоварзон дар 89 гектар, аз ҷумла 5,6 гектар боғ, ҳосили хуби мева, пиёз, қаламфури булғорӣ,  картошка ,ҷуворимаккаи донӣ ва дигар хуроки чорво  парвариш  намудаанд ва  дар замине, ки ҳосили ҷавро ҷамъоварӣ намудаанд, ниҳоли бодиринг кӯчат намудаанд.

          Ҳангоми боздид раиси Кумитаи иҷроия М. Шукурзода ба  ҳамсӯҳбатон  дастуру супоришҳои Пешвои миллат , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ҷиҳати истифодаи босамари замин ва рӯёнидани ҳосили фаровон шарҳ дода, таъкид дошт, ки иҷрои онҳо имконият фароҳам меорад, ки на танҳо  ҳар оила бо маводи ғизоии истеҳсоли худӣ таъмин гардад, балки дар бозор низ фаровонию арзонӣ бошад.

          Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроия чунин боздиду мулоқотҳоро дар дигар минтақаҳо низ баргузор карда, таҷрибаи  кишоварзони муваффақи ин ҷамоатҳои деҳот низ тарғиб карда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *