Рубрики
Uncategorized

Панҷакент: Кумитаи иҷроия дар нӯҳ моҳ чӣ корҳоро анҷом дод?

Санаи 22 октябри соли равон ин масъала дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, ки тибқи Оиннома ва дастури Кумиҷроияи вилоятии ҳизб баргузор шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар маҷлис аъзоёни Кумитаи иҷроия, раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ, муовинони раиси шаҳр ва кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, вакилони Маҷлисҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд. Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода ифтитоҳ намуда , ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос кард. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис- ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроия дар нӯҳ моҳи соли 2021 муовини раиси Кумитаи иҷроия Парвина Тошева ҳисобот дода, аз ҷумла таъкид намуд, ки Кумитаи иҷроия дар ин муддат ҷиҳати иҷрои вазифаҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизб, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоишоти Кумитаи иҷроияи марказӣ ва вилоятии ҳизб, сазовор истиқбол намудани 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, такмили кори дохилиҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ кори зиёдеро ба анҷом расонидааст. Ҳамчунин таъкид шуд, ки баробари ин дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бояд ба масъалаи зиёд намудани сафи аъзоёни ҳизб, ташкили обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, такмили ҳуҷҷатгузорӣ , пардохти аъзоҳаққӣ, роҳандозии густурдаи корҳои тарғиботӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд. Омӯзгори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Моҳира Тошева аз рӯи ин масъала ба музокира баромада, кор бо ҷавонон , тарбияи маънавӣ ва ба чорабиниҳои тарғиботии ҳизбӣ фаро гирифтани онҳоро муҳим арзёбӣ намуд. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Кумитаи иҷроия Бурсибой Лутфуллоев тибқи рӯзномаи маҷлис рафти обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ”, “Сухани халқ” ва “Фарвардин”-ро барои соли 2022 таҳлил намуд. Назди ташкилотҳои ибтидии ҳизбӣ вазифа гузошта шуд, ки нақшаи обуна ба ин нашрияҳоро то оғози моҳи ноябр ба иҷро расонанд. Аъзоёни Кумитаи иҷроия тибқи масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис гузориши мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроия Қобилҷон Ҷалоловро ҷиҳати мусоидат ба муташаккилона доир намудани маъраки даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ шуниданд. Дар ин бора ҳамчунин омӯзгори ҷавони МТМУ № 71 Улуғбек Ҳусейнов, ки довталабона хидмати ҳарбиро ба ҷо овардааст, мулоҳизаҳояшро баён дошт. Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроия Мастона Муродзода мӯҳтавои фармоишҳои раиси Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҳизбро оид ба баргузор намудани озмуни вилоятии Кумитаи иҷроия , ташкилоти ибтидоӣ ва шӯъбаи беҳтаринро, ки ба ифтихори 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуда, шартҳои он ба ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дастрас шудааст, шарҳ дода, аз раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ даъват намуд, ки барои иштирок дар он ба Кумитаи иҷроия дархост пешниҳод намоянд. Дар маҷлиси Кумитаи иҷроия раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ сухан карда, таваҷҷӯҳи аъзоёни кумитаи иҷроия ва дастгоҳи онро ба саҳеҳ ва бо таҳлили амиқ омода намудани масъалаҳои муҳокимашаванда дар ҷаласаҳо, зиёд намудани сафи аъзоёни ҳизб, саҳмгузории ташкилотҳои ибтидоии ҳизб дар бунёди бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроия ҷалб намуд Дар интиҳои маҷлис раиси Кумитаи иҷроия Мурод Шукрзода ба иштирокчиён хабар расонид, ки бо дастгирии раиси шаҳр барои бунёди бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроия дар кӯчаи Навободи шаҳр қитъаи замин ҷудо шуда, ба сохтмони он рӯзҳои наздик аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ санги асос гузошта мешавад. Маҷлиси Кумитаи иҷроия аз рӯи ҳамаи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул намуд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *