Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Кумитаи иҷроия рӯзноманигоронро пазироӣ намуд

Чун анъана имсол низ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик гурӯҳи рӯзноманигорони саршиноси шаҳрро пазироӣ намуд.

Раиси Кумитаи иҷроия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода рӯзноманигоронро ба Кумитаи иҷроия хайра мақдам гуфта, дар бораи таърихи интишори нахустин нашрия ба забони тоҷикӣ дар Осиёи Миёна – “ Бухорои шариф”, тавҷаҷҷӯҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди матбуот, ҳамкории густардаи Кумитаи иҷроия бо васоити чопӣ ва электронии ахбори умум, нақши матбуоти ҳизбӣ дар тарғиби ҳадафҳои барномавии ҳизб, сиёсати Ҳукумати мамлакат сухан карда, изҳори умед намуд, ки ин ҳамкорӣ минбаъд низ густариш ҳоҳад ёфт.

Нависанда Давлатшоҳи Тоҳирӣ, шоир ва рӯзноманигор Исмоил Зарифӣ, рӯзноманигорон Луқмон Қурбон, Аббос Ҳамроҳзода, Ғайбулло Муҳаммадиев ва дигарон фикру мулоҳизаҳояшонро дар бораи ҷойгоҳи васоити ахбор дар ҳаёти сиёсию маънавии ҷомеа, ҳамкорӣ бо ташкилоти шаҳрии ҳизб баён доштанд.

Раиси Кумитаи иҷроия ба рӯзноманигорон сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *