Рубрики
Uncategorized

Панҷакент: Кумитаи иҷроия шоҳмотбозони наврасро қадршиносӣ намуд

            Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода ба 15 нафар ғолибони мусобиқаи шоҳмотбозони навраси  муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳр тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

             Ин мусобиқаи анъанавӣ  дар байни аъзоёни маҳфилҳои ин муассисаи таълимӣ ҳамасола баргузор мешавад. Тавре сарвари таълимгоҳ Нарзулло Беков мегӯяд, онҳо бо Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ робитаю ҳамкории доимӣ дорад. Кумитаи иҷроия ба озмуну мусобиқаҳои зиёде, ки муассиса ҳамасола баргузор мекунад, сарпарастӣ менамояд. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *