Рубрики
Асосӣ

Панҷакент: Ливоят парафшон бод, Тоҷикистон!

Таҳти ин унвон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ба ифтихори Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш ва дигар чорабиниҳои идона баргузор мешаванд.

Чунин ҳамоиши бошукӯҳ дар литсеи шаҳр ва коллеҷи омӯзгорӣ бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагон, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент баргузор шуд.

Дар ин ҳамоишҳо устодони таълимгоҳҳо, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Бурсибой Лутфуллоев дар бораи таърихи парчамдории миллати тоҷик, нақши парчам чун рамзи соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ дар сафарбар намудани миллат барои таҳкими пояҳои истиқлол нақл карда, аз ҷавонон даъват намуданд, ки ба ин муқаддасоти давлатӣ ва миллӣ арҷ гузоранд, Ватани худро дӯст доранд, ба ҳимояи ин марзу буми муқаддас ҳамеша омода бошанд.

Барномаи ҳунарии донишҷӯён ва хонандагон низ ифодагари меҳру садоқат ба Ватан, гиромидошти парчами давлатӣ буд.

Ба ифтихори Рӯзи парчами давлатӣ ба як гурӯҳ ҳизбиёни фаъол ва хонандагон сипосномаҳо тақдим карда шуд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *