Ташкилоти ибтидоии ҳизбии экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён аз ниҳодҳои ибтидоии намунавии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент маҳсуб мешавад. Он 87 нафар ҷӯяндагони сарватҳои зеризаминиро сарҷамъ намудааст ва онҳо дар ҷомеаи меҳнатӣ ва маҳалли зисташон мавқеи шоистаро соҳиб ҳастанд.
Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо ташкили боздид ва машваратҳо таҷрибаи хуби коргузории онҳоро ба дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ омӯзонидааст. Иштирокчиёни курси бозомӯзии раисони кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, ки моҳи гузашта дар шаҳри Панҷакент баргузор шуд, низ баъди боздид таҷрибаи онҳоро шоиста арзёбӣ намуданд.
Ин таҷриба ва натиҷаҳои фаъолияти ҳизбиёни корхонаро дар давраи ҳисоботӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Ғолиб Шерализода дар маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, ки бо иштироки аксари ҳизбиён ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Бахтиёр Исматҷонов ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Ҳамзира Замонова баргузор шуд, матраҳ намуд.
Маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ ҳамчунин тибқи рӯзнома нақшаи фаъолияи ташкилоти ибтидоии ҳизбиро барои нимсолаи дуюм тасдиқ намуда, Ғолиб Шерализодаро раис ва Илёс Исмоиловро муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва ба конфронси ташкилоти шаҳрии ҳизб вакил интихоб намуд.
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Бахтиёр Исматҷонов дар суханрониаш таҷрибаи хуби ташкили коргузорӣ, ороиши утоқи ҳизбӣ ва паҳлуҳои дигари фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбиро шоиста арзёбӣ намуда, таваҷҷӯҳи онҳоро ба боз ҳам васеътар ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва зиёд намудани сафи аъзоёни ҳизб ҷалб намуд.