Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо ихтиёриёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” – хонандагони литсеи касбӣ- техникии шаҳри Панҷакент, ки ба ҳашари ободонию сабзгардонӣ ҷалб шуда будаанд, сӯҳбат оростанд.
Мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроия Мастона Муродзода ва сармутахассиси шуъба Муҳаммадтоҳир Мухторов ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомониён” Мавлуда Ҳусейнова дар сӯҳбат бо хонандагон дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон, пешгирии гароиши онҳо ба ақоиди ифротӣ, омодагӣ ба хидмат дар сафҳои артиш, ҳимояи марзу буми Ватан, иштироки фаъолона дар корҳои ободонӣ ва сабзгардонӣ нақл намуда, таъкид доштанд, ки дар ин ҷабҳа бояд аъзоёни ҷавони ҳизб намунаи ибрат бошанд.