Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад

                      

         Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент  тибқи дастури Кумитаи иҷроияи  марказӣ ва вилоятии ҳизб  дар толори экспедитсияи иктишофи геологии  Моғиён бо ҷалби  45 нафар раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ даври аввали  машварати бозомӯзӣ ва дастурдиҳиро  баргузор намуд.

          Дар оғози машварат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода ҳозиринро бо мақсаду мӯҳтавои  ин нишаст шинос намуда, дар бораи нақш ва ҷойгоҳи ҲХДТ дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамлакат, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми боздид аз вилояти Суғд, дар маросими ифтитоҳи бинои маъмурии кумиҷроияи ҳизбии шаҳри Гулистон баён доштанд , нақл намуд.

           Тартиби қабул ба сафи ҳизб, таҳияи қарори ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои қабули аъзоёни нав, тарзи таҳия ва ирсоли ҳисоботҳои оморӣ ва молиявӣ, пардохти ҳаққи узвият,  тарзи баргузории маҷлисҳои семоҳа, таҳияи қарору суратҷаласаҳо, корбарӣ бо парвандаҳои ташкилоти  ибтидоии ҳизбӣ, истифодаи дуруст аз шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҳизб, вокуниш ба матолиби иғвобарангези  мухолифину бадхоҳони сиёсати давлат дар олами маҷозӣ  мӯҳтавои дастури кормандони масъули Кумитаи иҷроия  Парвина Тошева, Алишер Амонов, Муқаддам  Ибодова, Мастона  Муродзода, Ҳамида Холова, Турдибой Солеҳзода ва Бурсибой Лутфуллоевро  ба раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  ташкил медод.

         Дар анҷоми машварат   ҳозиринро   муовини раиси  ташкилоти ибтидоии ҳизбии экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён  Илёс Исмоилов, дар утоқи ҳизбӣ   бо корбарии ин ниҳоди   ибтидоии ҳизбии намунавӣ шинос намуд.

          Рӯзҳои наздик даври дуюми машварати бозомӯзӣ ва дастурдиҳӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *