Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Машғулияи нахустини мактаби захираи кадрҳо

         Санаи 1 апрел дар асоси дастури Кумитаи иҷроияи марказӣ ва вилоятии ҳизб машғулияти нахустини мактаби захираи кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент баргузор шуд.

         Ба мактаби захираи кадрҳо бо тавсияи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ нафароне, ки дар иҷрои вазифаҳои хидматӣ ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ,ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  фаъол ҳастанд, қобилияти баланди ташкилотчигӣ доранд, ҷалб карда шудаанд.

          Ба шунавандони мактаби мазкур мавзӯъҳои пешбинишударо кормандони масъули Кумитаи иҷроия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳуқуқшиносон, олимон- устодони донишкада ва коллеҷҳои шаҳр матраҳ менамоянд.

          Дар ифтитоҳи машғулияти нахустин  муовини раиси Кумитаи иҷроия Парвина Тошева  шунавандагонро бо мақсади ташкили он, мавзӯъҳои баррасишаванда, реҷаи баргузории машғулиятҳо шинос намуд.

         Мавзӯи машғулияти нахустин- “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон- ҳизби созанда ва нерӯи бунёдкор”-ро роҳбари дафтарн матбуоти Кумитаи иҷроия, муҳаррири нашрияи ҳизбии “Фарвардин” Турдибой Солеҳзода матраҳ намуд.

          Машғулиятҳои мактаби захираи кадрҳои Кумитаи иҷроия ҳар ҳафта  баргузор шуда, се моҳ идома меёбад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *