Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: Маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроия баргузор шуд

          Санаи 11 январи соли равон  дар Кохи фарҳанги шаҳр  маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент баргузор шуд

         Дар кори он аъзоёни кумиҷроия, раисони як қатор ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолони ҳизб, муовини якуми раиси шаҳр Муҳаммадсодир Сафарзода, сармутахасиси  Кумитаи иҷроияи вилоятии  ҳизб  Фирдавс Саидов иштирок  намуда, ҳисоботро дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2021 баррасӣ намуда, нақшаи  корҳои тарғиботии Кумитаи иҷроияро ҷиҳати тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ,  нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроия дар нимсолаи аввали соли 2022 ва даъвати Конфронси 25-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияро баррасӣ  намуданд.

          Дар оғози ҷаласа раиси Кумитаи иҷроия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода ҳозиринро бо рӯзномаи он шинос намуд.

          Дар ҳисоботи Кумитаи иҷроия оид ба фаъолияти он дар соли 2021, ки онро мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроия Мастона Муродзода қироат намуд, самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ин давра  таҳлил шуда, вазифаҳои ниҳодҳои ҳизбӣ дар соли 2022, ки аз Паёми Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд ва ба сафарбар намудани ҳизбиён ба такмили корҳои тарғиботӣ, татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб, истиқболи сазовори 30 – солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, 25-умин солгарди Ваҳдатӣ миллӣ нигаронида шудаанд, муайян гардиданд.

         Дар маҷлис   муовини якуми раиси шаҳри Панҷакент Муҳаммадсодир Сафарзода ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Саидов сухан карданд.

          Кумитаи иҷроия оид ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуд.

          Дар фарҷоми ҷаласа ба як гурӯҳ фаъолони ҳизб сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб супорида  шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *