Рубрики
Uncategorized Мақола

ПАНҶАКЕНТ: Меҳри Ватан аз аллаи Модар сарчашма мегирад

Дар маҷлиси навбатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ яке аз масъалаҳои асосӣ буд. Шахси масъул ба минбар баромада, оид ба натиҷаи даъват дар мавсими сипаригардида гузориш дод, аз бурду бохти он сухан гуфт. Дар охир савол ба миён омад, ки чаро ҷавонон чун даврони шӯравӣ ба хидмати ҳарбӣ бо шодию нишот, фараҳмандӣ ва рӯҳи болида намераванд, чаро волидайн монеаи ин кор мешаванд, чаро қисмати даъватшавандагон аз хидмати ҳарбӣ меҳаросанд?

Ҳамчун собиқадори хизмати давлатӣ ва ходими ҷамъиятиву сиёсӣ ин масъала маро дер боз ба андеша водор намудааст. Ман солҳои 80-уми асри гузашта бо орзую ҳавас ба хизмати Ватан рафта, бо сари баланд ва ифтихор баргаштам. Додаронам низ хидмати ҳарбиро ба ҷо овардаанд. Чун анъанаи оилавӣ писарам баъди хатми донишкада ба хизмат рафта, бо унвони лейтенанти хурд баргашт. Аз хешовандон низ қисми зиёдашон ба Ватан хизмат намудаанд.

Ёдам меояд, ки ману додаронам барои ба сар гузоштани кулоҳи баҳрнавардии падарам, ки се сол дар флоти ҳарбии баҳрӣ хизмат кардаву сару либоси баҳрнавардиашон ҳаваси моро меовард байни худ «ҷанг» мекардем. ҳоло яке аз наберагонам суруди “ Ман кай калон мешавам, Ба аскарӣ меравам …»-ро азбар намудааст ва гоҳ-гоҳ онро барои мо замзама мекунад. Бовар дорам, ки ӯ низ анъанаи моро идома медиҳад.

Афсус, ки ин щурур ва дилгармии ба хизмати Ватан рафтанро дар бисёр оилаҳо ва волидон намебинам. Бисёр ҷавонон бо сад баҳона, бо ташвиқи волидон баъди хатми мактаби миёна рӯ ба муҳоҷират меоранд, то ба хидмати ҳарбӣ нараванд. ҳолатҳои зиёди пинҳон кардани писарони синни даъватӣ, гурезонидани онҳо дар маъракаи даъват аз ҷониби падарону модарон низ ба назар мерасад.

Ҳамчунин мушоҳидаҳо собит месозанд, ки корҳои тарщиботӣ ва дарсҳои омодагии дифои ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимӣ суст ба роҳ монда шудааст. Дар муассисаҳо бисёр омӯзгорони ғайриихтисос, ки хидмати ҳарбиро ба ҷо наовардаанд, аз ин фан машғулият мегузаронанд, аёниятҳои таълимӣ намерасанд, утоқҳои фаннӣ дуруст ҷиҳозонида нашудаанд ва табиист, ки аз ин фан бачаҳо кам баҳра мегиранд.

Аз давраи мактабхонӣ меҳри хизмат ба Ватанро дар замири мо муаллими омодагии дифои ҳарбӣ, ҳоло полковники мустаъфӣ Рӯзибой Ортиқов бедор намуда буд. Ӯ чунон дарс мегуфт,ки моро мафтун мекард. Дар машғулиятҳои амалии тирпарронӣ, тартиби истифодаи аслиҳаи ҷангӣ мо худро дар майдони ҳарбу зарб ҳис мекардем. Афсус, ки ҳоло дар бисёр муассисаҳо чунин устодони шефтаи пеша камшуморанд.

Сабаби дигар ба фаъолияти комиссариатҳои ҳарбӣ дар самти таҳлили натиҷаи даъватҳои мавсимӣ ва ба ҳисобгирии саҳеҳи даъватшавандаҳо марбут мебошад. Вақте ба хонаи нафари дар аскарӣ буда ё фавтида, ё синаш аз даъват гузашта ва ё соҳиби ду -се фарзанд хабарномаи даъват меравад ва ин ҳолатҳоро мо борҳо ба мушоҳида ҳам гирифтаем, ин баёнгари кори онҳо бо даъватшавандаҳост. Бо даъватшавандаҳо тамоми сол бояд кор кард, на баъди оғози даъват ба артиш.

Сабаби дигарро дар камтаваҷҷӯҳии роҳбарияти ҷамоатҳои деҳот, масъулони мизҳои ҳарбии онҳо дидан мумкин аст. Ман худ, ки солҳои зиёд бо мардум кор мебарам ва дар вазифаи раису муовини раиси ҷамоат низ фаъолият доштам, ин ҳолатро бисёр мушоҳида кардаам. Солҳои қаблӣ роҳбарияти ҷамоати деҳот камаш ҳар се моҳа дар маҳаллаҳо, деҳаҳо бо аҳолӣ маҷлис мегузарониданд, масъалаҳои муҳим, аз ҷумла, даъват ба сафи артиш мавриди баррасӣ қарор мегирифт. Оилаҳои намунавиро мисол оварда, оилаҳое, ки ноустувор буданд, зери назорат гирифта мешуданд. Обрӯю эътибори мӯйсафедон хеле баланд буд, ҳақ надоштед, ки ба онҳо беҳурматӣ зоҳир намоед, ҳатто бе салом аз наздашон гузаред. Бегоҳӣ алакай шикоят ба падар мерасид, ки писараш ба калонсолон салом намедиҳад. Мутаассифона, раисону масъулони ҷамоатҳои деҳот аз нуфузи пирони кор, мӯйсафедони барӯманд дар ҳалли муаммоҳои мавҷуда, сафарбар намудани мардум ба корҳои нек, аз ҷумла, даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ кор намегиранд.

Масъалаи дигар дар сафи раисони маҳалла фаъолият доштани шахсони тасодуфӣ, бетаҳсилот ва бетаҷриба мебошад. Раисони маҳалла ваколати хизматии худро танҳо дар ташкили тӯю маърака ва маросими азо медонанду халос. Ташабускор нестанд. Дар маҳалла эътибор надоранд. ҳатто ба ҳар баҳона худро аз масъулият дур гирифта, дар ҷамъомадҳои ҷамоати деҳот ширкат намекунанд. Аз ин рӯ зарурият ба миён омадааст, ки дар байни раисони маҳалла омӯзиш ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ҷиддӣ ба роҳ монда шавад. То раисони маҳаллаҳо ваколат, масъулияти кории худро хуб дарк намоянд. Хидмат дар сафи артиши миллӣ барои ҳар ҷавонмард, новобаста ба он ки падараш дар кадом мансаб аст, фарз маҳсуб мешавад. Тибқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, мақоми истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст» Мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо писарони баъзе мансабдорон бо сабабу баҳонаҳои гуногун аз хидмати ҳарбӣ сар мепечанд. Масалан, онҳо чаро баъди хатми мактаби олӣ довталабона ба хидмати ҳарбӣ нараванд? Чунин мисолҳо ҳам ҳастанд, вале камшуморанд.

Ватан ноёбтарин сарват буда, ҳимояи он як гӯшаи имондорист. Гузаштагони мо аз қадим дӯстдори Ватан ва ҳомии марзу буми он буданд. Корнамоӣ ва шуҷоати онҳо дар ҳама давру замон ифтихори мо буд. Қаҳрамониҳои падару бобоёнамонро дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон ва ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри 20 баҳри ҳифзи Истиқлол ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем. Вале, афсус, ки солҳои охир як қабил ҷавонон аз хизмат ба Ватан бо баҳонаи гуногун рӯ метобанд ва бо номи ҷавонмарди тоҷик иснод меоранд.

Дар қисмҳои ҳарбӣ тартибу низом ҷиддан тибқи оинномаҳои ҳарбӣ ба роҳ монда, “дедовшина”, ки мерос аз артиши шуравӣ аст, бояд комилан аз байн бурда, ҳар ҳодисаи фавт ё бемории ғайритабии ҳар сарбоз аз ҷониби прокуратураи ҳарбӣ таҳқиқ шуда, натиҷаи он ошкоро ба мардум расонида шавад. Оилаҳое, ки фарзандашон дар хизмат мебошанд, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ карда шаванд. Ба назар бояд гирифт, ки иҷрои нақшаи даъват аз ҳисоби омӯзгорону табибон, аспирантон ва магистрҳо бар зарари рушди илм дар ҷумҳурӣ ҳам ҳаст.

Ба қарибӣ Фармони навбатии Президенти кишвар оид ба сафарбар намудани ҷавонон дар мавсими баҳори соли 2022 ба тавсиб расид. Умедворем, ки ҳисси масъулияти ҷавонон ва волидайн боло мегираду фарзандони ватандӯсти мо бо амри дил ва бо сари баланд ба ҳимояи Ватан мераванд. Ин вазифаи муқаддасро танҳо фарзандони баору номуси Ватан сарбаландона иҷро менамоянд. Ба гуфти Сарвари давлатамон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин обутоби ҳаётї хизмат ба Ватан аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт -дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд… Касе, ки аз хизмати Ватан саркашӣ мекунад аз хизмати падару модар, аз эҳтироми хоҳару бародари худ саркашӣ мекунад».

Мурод Шукурзода,

раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент,

 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *