Рубрики
Uncategorized

Панҷакент: Мулоқот бо донишҷӯён

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода дар мулоқот бо донишҷӯёни коллеҷи омӯзгории шаҳр таваҷҷӯҳи онҳоро ба масъалаҳои муҳим ва доғи рӯз ҷалб намуд. Аз ҷумла, ӯ аз дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол, саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими низоми давлатдории навини тоҷикон ёд намуда, вазъи нобасомони минтақаро вобаста ба воқеаҳои Афғонистон шарҳ дода, таъкид намуд, ки ҷавонон бояд зиракию ҳушёрии сиёсӣ зоҳир намуда, ба ҳар гуна тарғиботи ифротгароёна дода нашаванд, аз мавқеи Сарвари давлат ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд. Донишҷӯён Маҳмадалӣ Бобомуродов ва Паймона Аслонзода ҷонибдориашонро аз сиёсати Давлати Тоҷикистон баён намуда, изҳор доштанд, ки онҳо сидқан пайравони Пешвои миллат ҳастанд ва инро бо таҳсили шоиста ва мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ собит менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *