Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 72-и шаҳраки Саразми ҷамоати деҳоти Саразм бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода мулоқоти номзад ба вакили Маҷлиси шаҳрӣ бо интихобкунандагон баргузор шуд.
Дар ин ҳавзаи интихоботӣ санаи 6 марти соли равон интихоботи миёндаврии вакили Маҷлиси шаҳрӣ аз ҳавзаи интихоботии Соҳибназар, 10, баргузор мешавад ва конфроси 25-уми ғайринавбатии ташкилоти шаҳрии ҲХДТ номзадии раиси кооперативи тиҷоратии ба номи Нарзулло Тайлонов Нусратилло Қучқоровро номзад пешбарӣ намудааст.
Интихобкунандагон бо ҳолномаи номзад ба вакили Маҷлиси шаҳрӣ ва барномаи пешазинтихоботии ӯ шинос шуданд. Дар барномаи пешазинтихоботии ӯ мусоидат ба ҳалли масъалаҳои мубрами ҳудуди ҳавзаи интихоботиаш, аз ҷумла беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳо, рушди соҳаи молдорӣ, беҳдошти ҳолати муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ ва пешбинӣ шудааст.
Мурод Шукурзода дар ин мулоқот сухан гуфта, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, вазъи муташанниҷи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, сиёсати дурандешонаи дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати кишвар, омодагиҳо ба мавсими кишту кор, ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз ҷалб намуд.
Интихобкунандагон иброз доштанд, ки онҳо аз сиёсати Пешвои муаззами миллат содиқона ҷонибдорӣ мекунанд ва дар рӯзи интихобот номзади пешбаринамудаи конфронси ҳизбиро дастгирӣ менамоянд.