Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: Мулоқот бо интихобкунандаҳо

                       

Дар деҳаи Кӯҳдомани Ҷамоати деҳоти Саразм мулоқоти раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, вакили Маҷлиси шаҳрӣ аз ҳавзаи интихоботии № 11, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода бо интихобкунандагон доир шуд. Мурод Шукурзода нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии мамлакат шарҳ дода, аз ҷумла, аз дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои истиқлол, вазифаҳое, ки дар назди ҳама сохторҳои давлатӣ, аҳли ҷомеаи кишвар гузошта шудаанд, оғози омодагиҳо ба 35-умин солгарди Истиқлоли мамлакат ёд намуд. Интихобкунандаҳо ҷонибдорииашонро аз сиёсати Пешвои миллат баён дошта, омодагиашонро барои боз ҳам ободу зебо намудани деҳаҳои ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ, истифодаи босамари замин, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ баён доштанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *