Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Мулоқот бо сокинони маҳаллаҳо

Ин рӯз намояндагони сокинони маҳаллаҳои 10- солагии Истиқлол, ба номи Холмуродов , Шодиёна ва Самарқанди шаҳри Панҷакент дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 71 ҷамъ омаданд. Дар ин ҷамъомад, ки бо ибтикори вакили маҷлиси шаҳрӣ Мақсуда Аҳророва, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ва бахши кор бо ҷавонони шаҳр баргузор шуд, масъалаҳои муҳиме баррасӣ шуданд,ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат сухан рафтааст.

Вакили маҷлиси шаҳрӣ, сарвари МТМУ № 71 Мақсуда Аҳророва, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Бурсибой Лутфуллоев, сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Беҳзод Муҳаммадиев ва дигарон таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, ҷалб намуда, зарурат ва аҳамияти риояи муқаррароти қонунҳо дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим , масъулият волидон дар таълиму тарбияи фарзанд таъкид карда, аз онҳо даъват шуд, ки дар тарбияи фарзандон, талқини онҳо ба мутолиаи китоб, пашгирии гароиши онҳо ба амалҳои номатлуб, тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди маҳаллаҳо, омодагӣ ба ҷашни Наврӯз эътибори ҷиддӣ диҳанд.

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *