Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: Наврӯзи Ёрӣ

                                 

          Дар ин куҳандиёр, ки номаш Ёрӣ асту баргирифта аз вожаи ориён , Наврӯзро аз қадимулайём бо ҳамон оину рисолати пешин ҳамасола таҷлил менамоянд.

          Як соли дароз ба он омодагӣ мегиранд,  либоси нав таҳия мекунанд, арафаи ид хона метаконанд, дар чандин ҷои деҳа мусобиқаи тухмҷанг баргузор менамоянд, дар омад-омади он гулхан меафрӯзанд ва рӯзи Наврӯз  бе ҳеҷ огоҳӣ, бе ҳеҷ даъват хурду бузург ба наврӯзҷо мебароянд ва се рӯз ин ҷо ид баргузор мешавад.  Бо аҳли байт гирди дастархони наврӯзӣ менишинанд, суруд мехонанду мерақсанд, гуштии паҳлавонони деҳаро тамошо мекунанд.     

          Ин анъана   дар замони шуравӣ, ки зимомдорони вақт ба Наврӯз рӯи хуш намедоданд, бар ҷо буд. Ба Наврӯзи Ёрӣ аз ҳама деҳаҳои атроф, ҳатто Самарқанд, меҳмонон меомаданд.

         Имсол ба Наврӯзи деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент, ки асрҳо боз бо риояи оинҳои қадимааш баргузор мешавад, муовини раиси вилояти Суғд  Зариф Мирдадо, муовини якуми раиси  шаҳр Муҳаммадсодир Сафарзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси  миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мурод Шукурзода оғоз бахшиданд. Онҳо дар оғози мусобиқаи анъанавии гуштӣ, ки дар ибтидои  ҷашни Наврӯз баргузор мешавад, иштирок намуда, аҳли деҳаро бо соли нави  миллӣ шодбош гуфтанд ва ба онҳо баҳори бафайзу баракат орзу намуданд . Мусобиқаи гуштигирони деҳа бо шавқу шӯр баргузор шуд ва ғолибони он бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент  қардонӣ шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *