Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: Наврӯз бо омӯзгорони Чорбоғи нав

                          

         Чорбоғи нав деҳаи навбунёдест, ки дар сари роҳи Панҷакент- шаҳраки Суғдиён  воқеъ гардидааст ва ягона муассисаи маърифатию фарҳангии он муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 81 аст.

          Ин ҷо имрӯз- дар оғози таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ,   аъзоёни ҳизб-омӯзгорон, бо нишасте омад- омади ин рӯзи некро истиқбол намуданд. Дар ин нишаст кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент  Турдибой Солеҳзода ва Муҳаммадтоҳир Мухторов низ иштирок намуданд.

          Роҳбари дафтари матбуоти  Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Турдибой Солеҳзода  омӯзгоронро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрик намуда, аз паёми шодбошии наврӯзии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ин субҳ ироа шуд, ёдоварӣ намуд. Дар ин паём Пешвои миллат аз таърих ва ҷойгоҳи ин иди миллии мо, ки имрӯз ҷаҳонӣ шудааст, ёд намуда,  риояи рисолати аслии ин рӯзро, ки ҳамдигарбахшӣ, дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, хайру эҳсон аз ҷумлаи онҳост, дар ин вазъи муташанниҷи сиёсии ҷаҳон хеле зарур шумориданд.

          Сарвари таълимгоҳ Тоҷиддин Абдуллоев, омӯзгори мактаб, шоир ва рӯзноманигор, собиқадори матбуот Шодӣ Саттор ва дигар омӯзгорон дар бораи ҷойгоҳи ин иди миллӣ сухан карданд.

          Зимни ин нишаст ба як гурӯҳ ҳизбиёни фаъол – омӯзгорони таълимгоҳ, ба ифтихори ҷашни Наврӯз сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ва ба чор нафар омӯзгорон шаҳодатномаи узвияти ҳизб супорида шуд.

          Санаи 21 март – дар рӯзи нахустини Наврӯз, дар таълимгоҳ бо иштироки кулли хонандагон ва аҳли деҳа тантанаҳои наврӯзӣ идома меёбанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *