Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: “Нақши занон дар ҷомеа ”

                         

Дар бинои Кумитаи иҷроия таҳти раёсати раиси Кумитаи иҷроия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши занон дар ҷомеа” бо иштироки занони фаъоли маҳаллаҳо ва ташкилотҳои ибтидоӣ баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар мудири шӯъбаи кор бо занон Мавлуда Тоҷиева маърўза ва қайд намуд, ки баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Сарвари давлат ҳамасола талош менамоянд, ки занони тоҷик дар ҷомеа мақоми сазовортарро соҳиб гарданд. Ҷавобан ба ғамхориҳои Президенти кишвар мо занон бояд аз соҳибдавлату соҳибватан буданамон шукрона кунем, ҳамеша ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошем. Тоҷикистони азизамонро мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намоем, дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром гузоштан ба насли калонсол, талқини одоби оиладорӣ, пешгирии гароиши фарзандон ба ақидаҳои бегонапарастӣ саҳми худро гузорем.

Ҳамчунин дар идомаи мизи мудаввар Раиси Шурои собиқадорони ҳизб Ҳамида Холова, собиқадори меҳнат Каримова Зулайхо ва аъзои фаъоли ҳизб Муҳаммадиева Парвина доир ба ин мавзўъ андешаҳои худро баён намуданд.

Дар ҷамбаст раиси Кумитаи иҷроия дар бораи нақши занон дар ҷомеа, баҳои баланди Пешвои миллат ба онҳо, саҳми бонувон дар тарбияи насли ҷавон ибрози ақида намуда, аз иштирокчиёни мизи мудаввар хоҳиш намуд, ки дар маҳаллаҳо доир ба ин мавзўъ сўҳбату мулоқотҳоро баргузор намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *