Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: НОМАИ СИПОС БА РАИСИ ШАҲР ВА КОРМАНДОНИ КУМИҶРОИЯ

Дар чанд соли охир шояд бори нахуст аст, ки раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ дар маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ иштирок ва сухан кунад. Рӯзи боздиди раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон аз шаҳри Панҷакент ба маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботии ҳизбиёни беморхонаи марказии шаҳр ва донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, рост омад. Дар ин ҷаласаҳо, ки бо иштироки доираи васеи ҳизбиён баргузор шуд, онҳо ҳисоботи раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва дигар масъалаҳои рӯзномаро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул карданд. Ҳизбиён суханронии раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Исмоилзода Зуфар Муртазохонро дар бораи натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, имзои қарордодҳои барои ду ҷониб манфиатбахш, вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ҳизбиён дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон, масъулияи онҳо барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Кумитаи иҷроияи марказӣ ва вилоятии ҳизб ва дигар масъалаҳои муҳими фаъолияти ҳизб бо марқ шуниданд. Дар ин ҷаласаҳо дар ҳузури раиси Кумиҷроияи вилоятии ҳизб, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода ба як гурӯҳ фаъолони ҳизб сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард. Мулоқоти раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб бо ҳизбиёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки раиси шаҳр Холиқзода Абдухолиқ Санавбар дар сатҳи баланд ва хотирмон баргузор шуд. Раиси шаҳр аз робитаи густурдаи мақомоти иҷроия бо Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, дастгирию кӯмаки Кумиҷроияи вилоятии ҳизб, омодагиҳо ба ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сухан кард. Исмоилзода Зуфар Муртазохон аз “Рӯзҳои ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент”, ки моҳи гузашта бо иштироки кормандони масъули дастгоҳи Кумиҷроияи вилоятӣ ва раисони кумиҷроияҳои шаҳрию ноҳиявии ҲХДТ дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ, бо эҳтироми шоистаи мизбонон, дастгирӣ ва иштироки раиси шаҳр баргузор шуд, ёдоварӣ намуда, ба раиси шаҳр Номаи миннатдории Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизбро тақдим кард. Раиси шаҳр Холиқзода Абдухолиқ Санавбар ба раиси Кумиҷроияи вилоятии ҳизб Исмоилзода Зуфар Муртазохон чун нишони эҳтиром маҷмӯаи ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералиро тӯҳфа кард. Ҳамон рӯз Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо кормандони Кумиҷроияи шаҳрии ҳизб сӯҳбат ороста, ба онҳо барои дар сатҳи зарурӣ ва масъулиятшиносӣ баргузор намудани “Рӯзҳои ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент”, фаъолияти шоистаи як идда ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ изҳори сипос намуда, Номаи миннатдории Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизбро тақдим намуд. Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Мурод Шукурзода барои таваҷҷӯҳ ва дастгирӣ ба раиси Кумиҷроияи вилоятии ҳизб изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки Кумитаи иҷроия, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолони ҳизб минбаъд низ барои иҷрои вазифаҳои оинномавии худ, иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҳизб талош меварзанд ва ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистонро сазовор истиқбол мегиранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *