Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: Нури Ҳақ бар диёри мо омад

              Мо ҳоло дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ба шарофати он Тоҷикистон  аз оташи ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ раҳо ёфта, рӯ ба сулҳу субот овард , қарор дорем.  Барқарор намудани  сулҳу субот , фурӯ нишонидани оташи ҷанг  ҳанӯз дар рӯзи нахустини ба сари қудрати сиёсӣ омадани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон ба қатори вазифаҳои аввалиндараҷаи роҳбарияти олии кишвар ворид шуд ва нидои “Ман ба шумо сулҳ меорам” дар дили мардуми ташнаи сулҳ умедро зинда кард.          Баъди талошҳо , мулоқотҳои зиёди ҷонибҳо, миёнҷигарии созмонҳои байналмилалӣ, давлатҳои дӯст, пеш аз ҳама нияту мақсади волои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба орзую омоли халқ ва манфиати олии миллати тоҷик такя мекард, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоиятӣ миллӣ ба имзо расид ва мардуми миннатдори тоҷик он замон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи Душанбе чун қаҳрамони миллӣ пазироӣ намуд. Ҳамон рӯзҳо Шоири халқии Тоҷикистон, устоди зиндаёд Лоиқ суруда буд:

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури Ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги девонавори мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

          Воқеан, ин сатрҳоро Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи соли 2018 аз саҳнаи Кохи Лоиқи шаҳри Панҷакент, дар маросими ифтитоҳи он ва пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи устод Лоиқ қироат карда буданд.

         Метавон гуфт, ки имзои ин шартнома барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, барқарор сохтани зиёни ҷанги бемаънӣ ва таҳмилии шаҳр- вандӣ, рушди иқтисоди кишвар ва боло рафтани нуфузи Тоҷикистон ва Пешвои он чун давлати сулҳофар дар арсаи байналмилалӣ заминаи боэътимод гузошт.  Ва дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ  Тоҷикистон бо роҳнамоии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳама соҳаҳо ба дастовардҳое ноил шуд, ки қимати садсоларо доранд. Муҳимтар аз ин тӯли ин солҳо на танҳо заминаҳои сиёсию маънавии ваҳдати миллӣ , балки заминаҳои воқеию амалӣ ва иқтисодии он низ муҳайё карда шуд. Ба шарофати он имрӯз мо метавонем дар тамоми фасли сол бе монеа ба ҳама гӯшаю канори Тоҷикистон сафар намоем, аз кору рӯзгори ҳамватанон беҳтару хубтар ошно шавем.

          Ҳамчунин зарур мешуморам, ки  ин ҷо як нуктаи дигари муҳимро  зикр намоям. Ҳарчанд солҳои истиқлол барои сафару боздид аз ҳама манотиқи кишвар имкониятҳои созгор фароҳам шудаанд, ҳанӯз на ҳамаи мо  аз  Бадахшону Хатлон, Рашту Ҳисор, Хуҷанду Панҷакент, Истаравшану Исфара, Кӯлобу Данғара ва Хуҷанду Конибодом дидан кардаем, бо табиат, ёдгориҳои таърихии онҳо  ошно шудаем. Ба ин маънӣ рушди сайёҳии дохилӣ барои ваҳдати мардуми кишвар омили хеле муҳим дониста мешавад. Пояҳои  ваҳдати воқеӣ ба назари ман, пеш аз ҳама дар ошноӣ бо ҳамдигар устувортару нерӯмандтар мешавад.

                                                  Бурсибой Лутфуллоев,

                                 мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

                                                          КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *