Бо мақсади арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омодасозии ҷавонон ба ҳаёти мустақил, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, мустаҳкам намудани эҳтирому садоқат ба Модар-Ватан, пешвози Рӯзи модар ва сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар санаи 21-уми феврали соли 2024 даври шаҳрии озмуни “Аллаи Модар” дар толори Кохи Фарҳанги шаҳр баргузор шуд. Дар озмуни мазкур муовини раиси шаҳри Панҷакент Парвина Нақибӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода, мудирони бахши кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Кумитаи иҷроия, кормандони Кумитаи иҷроия, собиқадорони ҳизб, фаъолзанон, , намояндагони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, донишҷӯёни ДОТ, Коллеҷи омӯзгорӣ ва Коллеҷи тиббӣ иштирок варзиданд. Дар оғоз ҳайати ҳакамон муаррифи карда шуданд. Иштирокчиён аз Ҷамоатҳо, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Коллеҷи омӯзгорӣ, Коллеҷи тиббӣ, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Маркази саломатӣ, Китобхонаи марказӣ, Хонаи пиронсолон, Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии Маорифчиён фаъолона ширкат варзида, малакаю маҳорати баланди худро нишон дода, суруди алларо бо як меҳру муҳаббати хоса, ки ба фарҳанги миллиамон хос аст, хонданд. Дар фарҷом баҳри болидаруҳии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ пешкаш шуда, ҳамаи иштирокчиёни озмун бо туҳфа ва ғолибони озмун бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент сарфароз гардонида шуданд.
Рубрики